Мунтахаби Тоҷикистон ба 100-гонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид гардид

Shared to Facebook Shared to Max

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол мавқеи худро дар раддабандии нави ФИФА, ки 19 январ дар сомонаи расмии ин созмон нашр шуд, беҳтар кард, хабар додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар муқоиса бо нашри қаблӣ даста як зина боло рафта, ҳоло бо 1224.93 хол дар ҷойи 100-ум қарор дорад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар айни замон байни дастаҳои Осиё дар ҷойи 17-ум аст.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии навбатиро 31 март дар шаҳри Ҳисор анҷом медиҳад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо дастаи мунтахаби Филиппин рақобат мекунад.

Нашри раддабандии навбатии ФИФА 1 апрел ба нақша гирифта шудааст.

Федератсияи футболи Тоҷикистон