Дар шаҳри Хуҷанд лоиҳаи пули нави замонавӣ таҳия шудааст, ки микроноҳияи 12-умро бо маҳаллаи Раззоқ мепайвандад ва интизор меравад ҳаракати нақлиётро дар маркази шаҳр ба таври назаррас сабук намояд. Дар ин хусус хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба ИмрӯзNews иттилоъ додааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо лоиҳаи ин пул шинос шуда, ба масъулин ва меъморон дастур дод, ки тамоми талаботи муосири сохтмонӣ ва меъёрҳои меъморӣ ба назар гирифта шаванд.
Лоиҳа аз ҷониби ҶДММ «Роҳи Ваҳдат» таҳия гардида, дарозии пул 310 метр ва паҳноияш 26 метр пешбинӣ шудааст. Дар ду канори он роҳравҳои махсус барои пиёдагардон ва сохтмони 11 сутунпоя ба назар гирифта шудааст. Ҳамзамон, аз ду тараф роҳҳои ҳалқавӣ барои пайвастан ба пул пешбинӣ шудаанд.
Ҳадафи асосии ин лоиҳа коҳиши тамбашавии роҳҳо ва осон гардонидани ҳаракати нақлиёт дар маркази шаҳр мебошад. Дар доираи васеъкунии роҳҳо ҳамчунин пули куҳна таҷдид ва паҳноияш то 16 метр васеъ карда мешавад.
Татбиқи ин ду иқдоми муҳими инфрасохторӣ дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Мавзуна Ниёзова, хабарнигори ИмрӯзNews дар шаҳри Хуҷанд









