Сафари гуруҳи кории ФФТ ба ноҳияи Данғара ва шаҳри Норак

Shared to Facebook Shared to Max

Гурӯҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон сафари худро ба минтақаҳои кишвар бо мақсади шиносоӣ бо вазъи омодагии дастаҳои футбол ба мавсими нав идома медиҳад, хабар додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ҳайати Федератсияи футболи Тоҷикистон бо шумули ноиби президент Алишер Урунов ва директори Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев аз ноҳияи Данғара ва шаҳри Нораки вилояти Хатлон боздид карданд.

Дар ноҳияи Данғара гурӯҳи кории ФФТ бо раиси ноҳия Сиҷҷоуддин Саломзода мулоқот кард. Дар рафти мулоқот онҳо омодагии дастаи футболи «Сомон» ва Варзишгоҳи марказии Данғараро барои иштирок дар мавсими нави Лигаи якуми Тоҷикистон баррасӣ карданд. Раиси ноҳияи Данғара иброз дошт, ки аз даста ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳад кард.

Ҳайати Федератсияи футболи Тоҷикистон инчунин аз шаҳри Норак дидан намуд, ки дар он ҷо бо раиси шаҳр Иброҳим Мирзозода мулоқоти корӣ баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ рушди минбаъдаи футбол дар шаҳр ва чораҳои дастгирии дастаи футболи «Норак» аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ баррасӣ шуданд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон