15 январи соли 2026 дар Вазорати корҳои хориҷӣ ҷаласаи навбатии солонаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин баргузор гардид, хабар додааст Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар рафти ҷаласа ҳисобот оид ба фаъолияти Комиссия дар соли 2025 шунида шуда, Нақшаи корӣ барои соли 2026 баррасӣ гардид. Илова бар ин, доир ба масъалаи баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ дар самти ЮНЕСКО, омода намудани парвандаҳои номинавии навбатӣ ва таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Cозмон мубодилаи афкор сурат гирифт.








