Форуми технологияҳои оянда дар шаҳри Москва баргузор мегардад, хабар медиҳад Намояндагии тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Чорумин «Форуми технологияҳои оянда» рӯзҳои 26–27 феврали соли 2026 дар Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар шаҳри Москва баргузор шуда, ба ташаккули биоэкономика дар Федератсияи Россия ва истифодаи биотехнологияҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисод бахшида мешавад.
Мавзӯи калидии форум — «Биоэкономика барои инсон» хоҳад буд.
Форуми дарпешистода олимони русиву хориҷӣ, ташкилотҳои пешқадами илмӣ, истеҳсолкунандагони бузург ва роҳбарони технологиро дар соҳаи биоэкономика муттаҳид менамояд.
Самти «Технологияҳо: биоэволютсия» муҳокимаҳоро оид ба рушди биотехнологияҳои аддитивӣ, технологияҳои ҳастаӣ ва табиатмонанд, биологияи синтетикӣ ва зеҳни сунъӣ дар бар мегирад.
Самти барномавии «Инсон: муҳити нави зист» ба ташкили муҳити атроф бар пояи принсипҳои рушди устувор бахшида мешавад. Дар доираи он масъалаҳои биоэкономикаи давраи пӯшида, истифодаи биотехнологияҳо дар саноати хӯрокворӣ, инчунин рушди биоэкомаҳаллаҳо ҳамчун модели нави тарзи зиндагӣ баррасӣ мегарданд.
Дар самти барномавии «Соҳаҳо: рушди устувор» иштирокчиёни форум чораҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии соҳаҳо тавассути истифодаи биотехнологияҳо — энергетика, соҳаи агросаноатӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок, инчунин таъсиси самтҳои нави саноатӣ дар доираи биокластерҳои ташаккулёбандаро муҳокима хоҳанд намуд.
Муҳокимаҳо дар самти «Экосистема: стратегияи ҷомеа» ба ташаккули сиёсати биоэкономика дар сатҳҳои гуногун — аз маҳаллӣ то ҷаҳонӣ — бахшида мешаванд.
Дар доираи форум намоишгоҳи анъанавӣ баргузор мегардад, ки дар он пешсафони бозор, корхонаҳои илмталаб ва ташкилотҳои илмӣ дастовардҳои пешрафта ва навтарин ҳалли инноватсиониро дар соҳаи биоэкономика муаррифӣ менамоянд.
Барои гирифтани маълумоти муфассал метавонед ба сомонаи зерин ворид гардида, шинос шавед: future-forum.tech
Намояндагони манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар «Форуми технологияҳои оянда» даъват карда мешаванд.
▶️ Намояндагии тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Торговое представительство Российской Федерации в Республике Таджикистан




