Дар Душанбе маросими супоридани медалҳо ба футболбозони КМВА баргузор шуд

Shared to Facebook Shared to Max

29 декабр дар Филармонияи давлатии Точикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев маросими тақдими медалҳо ба дастаи футболи КМВА Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар маросим вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Эмомалӣ Собирзода, ноибони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода, директори генералии Лигаи футболи кишвар Субҳон Шодиев, инчунин намояндагони Вазорати мудофиа ва дигар меҳмонони фахрӣ иштирок карданд.

Дар мавсими 2025-и Лигаи олии Тоҷикистон ҳайати асосии дастаи футболи КМВА Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон медали биринҷӣ ба даст овард. Тими ҷавонони артишиҳо дар чемпионати ҷавонон нишонҳои нуқра ва дастаи то 18-солаи КМВА дар Лигаи «Пешсаф» медали нуқра ба даст оварданд.

Дар пайравӣ аз ташаббусҳои футболии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Эмомалӣ Собирзода зимни баромади худ дар маросими мазкур оид ба таъсиси дастаҳои футболии Клуби Варзиши Артиши Хатлон ва Клуби Варзиши Артиши Суғд, инчунин иштироки онҳо дар лигаҳои дуюми вилоятҳои Суғду Хатлон ба масъулин супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Таъкид гардид, ки то оғози мавсими нави Лигаи дуюм дар минтақаҳои Суғду Хатлон барои пурра омода намудани ҳайат ва ташкили дастаҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Боиси зикр аст, ки КМВА барои мукаммал намудани системаи футболии бошгоҳ, аллакай лоиҳаи таъсиси дастаи занонаи худро барои ширкат дар Лигаи бонувони Тоҷикистон барои мавсими соли 2026 таҳия намуда, ҷиҳати саҳмгузорӣ дар омода намудани футболбозони касбӣ барои тимҳои мунтахаби бонувони Тоҷикистон аз ҳисоби духтарону бонувон дар назди худ, ҳадафҳои мушаххас гузоштааст.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон