12 декабри соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар доираи Иҷлоси 80-уми худ лоиҳаи қатъномаро таҳти унвони «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027», ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, бо иттифоқи оро қабул намуд, иттилоъ додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо назардошти амалисозии муваффақонаи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар Тоҷикистон дар соли 2024, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои Иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии СММ пешниҳод намуданд, ки ин ташаббус ба сатҳи байналмилалӣ бароварда шавад ва соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардад. Бо ироаи ин пешниҳод, Роҳбари давлат аҳамияти умумиҷаҳонии маърифати ҳуқуқиро ҳамчун пояи асосии адолат, мудирияти муассир ва сулҳи пойдор таъкид намуданд.
Қатънома нақши муҳим ва зарурии маърифати ҳуқуқиро дар пешбурди ҳуқуқи инсон, иштироки фаъоли ҷомеа ва дастрасӣ ба адолат таъкид менамояд. Ин қатънома ҳамчунин таҷрибаи муваффақи Тоҷикистонро дар эълон намудани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эътироф намуда, онро ҳамчун намунаи боризи миллӣ, ки ба таври назаррас сатҳи огоҳии ҳуқуқии аҳолиро баланд бардошта, аҳамияти амалҳои ҳамоҳангшудаи миллиро дар рушду таҳкими таълими ҳуқуқ собит мекунад, тасдиқ менамояд.
Санади мазкур соли 2027-ро ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» эълон менамояд, ки ин рӯйдод қадами муҳим дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ҷиҳати ташвиқи ҷомеаҳои огоҳ, адолатпеша ва масъулиятпазир ба ҳисоб меравад. Инчунин қатънома нақши созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пешбурди омӯзиши ҳуқуқ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва роҳбарии дурандешонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ташаббуси навбатиашон имрӯз аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ пазируфта шуд, эътироф менамояд.
Ин ташаббус дар амалисозии пурраи ҳуқуқи инсон ва таҳкими волоияти қонун дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт. Он инчунин бо уҳдадориҳои байналмилалии кишвар дар соҳаи ҳуқуқи инсон мувофиқат карда, бори дигар аз омода будани Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи уҳдадориҳои худ дар доираи механизмҳои ҳуқуқи инсон шаҳодат медиҳад.

“Ҳифзи пиряхҳо ва яхкура”
Ҳамчунин, рӯзи 12-уми декабр дар шаҳри Найробии кишвари Кения дар ҳафтумин иҷлосияи Маҷмаи муҳити зисти Созмони милали муттаҳид қатънома дар бораи “Ҳифзи пиряхҳо ва яхкура (криосфера)”қабул шудааст. Дар ин бора Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Қатъномаи мазкур аз ҷониби Тоҷикистону Перу пешниҳод ва бо иттифоқи оро қабул гардида, аз ҳамаи давлатҳои узви СММ ва шарикони рушд даъват шудааст, то барои ҳифзи пиряхҳо, мубориза бо тағйирёбии иқлим, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби маблағҳои молиявӣ талошҳои худро тақвият бахшанд.

Ёдрас мешавем, ки чанд рӯз пеш «Фарҳанги суманакпазӣ» ба мероси фарҳанги ғайримоддии Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии СММ (ЮНЕСКО) ворид гардид. Пештар аз ин, аз ҷониби ин Созмон бо пешниҳоди Тоҷикистону Эрон қатъномаи “Устувонаи Куруши Кабир” ва бо пешниҳоди Тоҷикистон “1050-солагии Робиаи балхӣ” ба феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО ворид гардида буд




