Вохӯрии Президенти Федератсияи Русия бо раисони парлумонҳои давлатҳои узви СААД

Shared to Facebook

Владимир Путин дар Кремл бо аъзои Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ – роҳбарони парлумонҳои давлатҳои узви СААД мулоқот анҷом дод, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президенти Федератсияи Русия.

Дар вохӯрӣ Раиси Думаи Давлатии Федератсияи Русия, Раиси Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Вячеслав Володин, Раиси Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус Игор Сергеенко, Раиси Мажлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Кошанов, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода иштирок намуданд.

Тавре сарвари давлати Русия ёдовар шуд, соли оянда раёсати СААД ба Федератсияи Русия мегузарад.

«Мо, бешубҳа, ҳама корҳоро барои таҳкими ин созмон анҷом медиҳем», — гуфт Владимир Путин.

Ба гуфтаи Президент, Русия дар доираи раёсати худ дар Созмон кори оғознамудаи ҳамкорони қирғизро, ки имсол анҷом додаанд, идома медиҳад.

«Дар ҳама самтҳои асосии ҳамкориҳои мо пайдарҳамӣ пурра таъмин мегардад, ин таҳкими қобилияти дифоии мо, ҳамоҳангсозии сиёсатҳоямон дар самти фаъолиятҳои ҳарбӣ ва ҳамкории ҳарбию техникӣ мебошад», — афзуд Президенти Русия.