3 ноябри соли 2025 дар шаҳри Вашингтон мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ёвари Котиби давлатии Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Дафтари кор бо Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Пол Капур баргузор гардид, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва ШМА-ро дар самтҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, инчунин масъалаҳои нишасти сарони давлатҳо дар сиғаи C5+1 дар Вашингтон баррасӣ намуданд.




