Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар ҳошияи Конфронси байналмилалии парламентӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Озарбойҷон бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Саид Юсуф Ризо Гилонӣ мулоқот намуд.
Файзалӣ Идизода зимни мулоқот зикр намуд, ки барои мо — вакилони халқ ҳамкории байни кишварҳоямон, ки бар пояи эҳтироми мутақобила, ҳамкории созанда ва дӯстӣ асос ёфтааст, аҳаммияти бузург дорад, хабар додааст Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бояд зикр намуд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи мо пайгирона рушд намуда, тайи солҳои охир аз сатҳи робитаҳои оддии байнидавлатӣ ба шарикии стратегӣ табдил ёфтааст. Робитаҳои байнидавлатии мо бар асоси беш аз 96 созишномаи байналмилалӣ асос ёфтаанд, ки ин ба самаранокии талошҳои дипломатии ҳар ду ҷониб мусоидат менамояд.
Мо махсусан аз ба имзо расидани Созишномаи шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Покистон хушҳолем, ки он дар ҷараёни сафари Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф, рӯзҳои 2–3 июли соли 2024 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омада буд.
Зикр шуд, ки муваффақиятҳои бадастомада дар равобити дуҷониба самараи ҷаҳду талошҳо ва иродаи сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф мебошанд.
Мо густариши ҳамкориҳои байнипарлумониро муҳим медонем. Ба ин мақсад, гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ таъсис дода шудааст ва вохӯриҳои корӣ низ пайваста баргузор мегарданд.
Таъкид шуд, ки имрӯзҳо муносибатҳои мо дар сатҳи машваратҳои сиёсӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои дифоъ, амният, савдо, энергетика, сармоягузорӣ, нақлиёт, туризм, илм ва фарҳанг босуръат рушд доранд.
Мубодилаи таҷрибаи қонунгузорӣ, таҳкими ҳамкориҳо дар доираи Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони Ҳамкории Шанхай (ШОС), Иттиҳоди байнипарлумонӣ, Созмони Конфронси Исломӣ, Шурои нави Парламентии Осиё ва Африқо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ муҳим арзёбӣ гардид.





