24 октябр-Рӯзи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон

Shared to Facebook

Ҳар сол, 24 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи иттифоқҳои касаба таҷлил карда мешавад. Ин рӯз ба хотири ёдрас намудани нақши муҳими иттифоқҳои касаба дар ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии кормандон ва таҳкими ҳамкории корфармоён ва кормандон муқаррар шудааст.

Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ фаъолияти худро бо мақсади беҳтар кардани шароити кор ва зиндагии аҳолӣ, назорати риояи қонунҳои меҳнат ва татбиқи кафолатҳои давлатӣ ба роҳ мондаанд. Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва дастгирии оилаҳои ниёзманд саҳми назаррас доранд.

Имрӯз шумораи умумии аъзои Иттифоқи касабаи Тоҷикистон тақрибан 930 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Таҷлили Рӯзи иттифоқҳои касаба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгари нақши муҳими он дар рушди устувор, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз соли 2021 инҷониб 24 октябр дар мамлакат Рӯзи иттифоқҳои касаба ҷашн гирифта мешавад.

Акс: аз манбаъҳои боз