Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фарҳод Салим рӯзи 21 сентябр бо Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюкӣ Мияшита мулоқот кардааст.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Японияро дар соҳаҳои гуногун баррасӣ намудаанд.
Ҷонибҳо аҳаммияти имзои Ёддоштҳои табоддулӣ оид ба Барномаи “Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS)” миёни ду кишварро барои таҳкими муносибатҳо таъкид кардаанд.