Барномаи шарикии Спитамен Бонк ва Диамед

Shared to Facebook

Спитамен Бонк, яке аз бонкҳои пешбари Тоҷикистон, дар якҷоягӣ бо маркази ташхисию табобатии “Диамед” барномаи махсусро, ки баҳри баланд бардоштани дастрасӣ ба ёрии тиббии босифат пешбинӣ шудааст, роҳандозӣ карданд. Акнун мизоҷон метавонанд хизматрасониҳои тиббиро бо насияи қулай ва шаффоф аз Спитамен Бонк пардохт намоянд.

Ба шарофати ташаббуси мазкур, беморони “Диамед” имкон доранд, ки табобат ва ташхиси заруриро бидуни таъхир бигиранд ва дар муддати қулай онро пардохт кунанд.

Шартҳои барнома аз Спитамен Бонк

:• Меъёри фоиз: 24,5% солона

• Маблағи қарз: то 30 000 сомонӣ

• Муҳлати насия: то 36 моҳ

Барнома бо шартҳои шаффоф, баррасии фаврии дархостҳо ва дастрасии доираи васеи мизоҷон фарқ мекунад. Насияро танҳо бо пешниҳоди дархост гирифтан мумкин аст. Тамоми раванд то ҳадди имкон содда аст ва расмиёти мураккабро талаб намекунад.

Бартариятҳо барои беморон:

• Дастгирии молиявӣ аз бонки боэътимод

• Коркард ва тасдиқи зуд

• Имконияти сари вақт, бидуни таъхир бинобар маҳдудияти буҷет гирифтани табобат.

Спитамен Бонк таҳияи лоиҳаҳои шарикиро дар соҳаи иҷтимоӣ идома дода, ташаббусҳоро оид ба беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ равона мекунад. Ҳамкорӣ бо маркази ташхисию табобатии “Диамед”- боз як қадам аст дар ин самт.

➡️Спитамен Банк