Спитамен Бонк бори аввал Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар яке аз бузургтарин Намоишгоҳи байналмилалии соҳаи бонкдорӣ — SIBOS 2025, ки аз 29 сентябр то 2 октябр соли 2025 дар шаҳри Франкфурт-на-Майн баргузор гардид, намояндагӣ намуд.
Ин Намоишгоҳи бонуфуз, ки ҳамасола аз ҷониби ширкати SWIFT баргузор мегардад, намояндагони беш аз 100 кишвари ҷаҳонро гирди ҳам меорад.
Спитамен Бонк дар чорабинӣ маҳсулоти муосири худро дар бахшҳои бонкдории рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва амнияти киберӣ пешниҳод кард, ки ҳадаф аз онҳо суръат бахшидан ба интиқолҳои байналмилалӣ ва таъмини сатҳи баланди амнияти онҳо мебошад.