Суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қазоқистон

Shared to Facebook

1 октябри соли 2025 суҳбати телефонии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаев баргузор гардид, иттилоъ додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сироҷиддин Муҳриддин ҳамтои қазоқистонии худро ба муносибати таъйин шудан ба ин мақом табрик гуфта, ба ӯ дар ин рисолати муҳим муваффақиятҳо орзу намуд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ва дар доираи созмонҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин, таваҷҷуҳи махсус ба чорабиниҳои дарпешистодаи сатҳи олӣ дар доираи ИДМ ва қолаби “Осиёи Марказӣ – Русия” зоҳир гардид.

Вазирон ҷиҳати рушди минбаъдаи муколамаи созанда дар руҳияи шарикии стратегӣ байни Тоҷикистону Қазоқистон омодагӣ изҳор доштанд.

Суҳбат дар фазои эҳтиром ва ҳусни эътимоди тарафайн сурат гирифт.