Як сол пеш ман аз ин минбар пешниҳод кардам, ки қатъномаи махсуси Созмони Милал оид ба эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” мавриди баррасӣ қарор дода шавад.Бо гузашти як сол масъалаи қабули чунин қатънома аҳаммияти боз ҳам бештар пайдо намудааст.Дар шароити пуртазоди дунёи имрӯза ташаббуси мазкур барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба хотири расидан ба сулҳи устувор шароит фароҳам хоҳад овард.Ман аз тамоми кишварҳои узв даъват менамоям, ки пешниҳоди мазкурро ҳам барои суботи зиндагии имрӯзаи мо ва ҳам ҳаёти беҳтари наслҳои оянда дастгирӣ намоянд.Хонумҳо ва ҷанобон,Мо мавқеи усулии худро дар масъалаи Фаластин таъкид мекунем.Бар он назарем, ки сулҳи пойдор дар Ховари Миёна танҳо дар асоси татбиқи қатъномаҳои Созмони Милал ва формулаи «ду давлат» имконпазир аст.Дар ин зимн, зарурати ҳалли масъалаи мазкурро танҳо тавассути музокирот ва роҳҳои дипломатӣ бо риояи ҳуқуқи байналмилалӣ, алалхусус муқаррароти Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид хотирнишон менамоем.Мо даъват мекунем, ки дар Ғазза оташбаси устувор барқарор ва дастрасии кумаки башардӯстона таъмин карда шавад.Тоҷикистон, ҳамчунин, ҷонибдори таъмини сулҳу субот, амнияти комил ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар Афғонистони ҳамсоя мебошад.Мо омодаем ба ин раванд мусоидат намоем ва дар ин ҷода ҷомеаи байналмилалиро ба расонидани кумаки башардӯстона, хусусан ба минтақаҳои аз хушксолӣ ва заминларзаи шадид осебдида даъват менамоем.Ҳозирини муҳтарам,Тоҷикистон аз ислоҳоти фарогири низоми Созмони Милали Муттаҳид зимни ташаббуси “Барномаи Созмони Милали Муттаҳид-80”, «Созмони Милали Муттаҳид-2.0» ва Диди Дабири кулл оид ба низоми муосири Созмони Милал ҷонибдорӣ менамояд.Дар баробари ин, мо аз «Паймон ба хотири оянда» ҳамчун иқдоми муҳимми дастҷамъона дар роҳи пешбурди сулҳ ва рушди устувор истиқбол менамоем.Ин иқдомот ормонҳои муштарак ва иродаи умумии ҷомеаи ҷаҳониро дар амри вокуниш ба таҳдидҳои муосир ва бунёди заминаи устувор барои наслҳои оянда таҷассум менамоянд.Мо бори дигар зарурати тақвияти нақши калидӣ ва ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳидро дар таъмини сулҳу осоиши фарогир таъкид менамоем.Танҳо бо эътимод, ҳамкорӣ ва иродаи устувор мо метавонем ояндаи одилона, сулҳомез ва устуворро барои кулли инсоният бунёд намоем.Тоҷикистон дар амри дастрасӣ ба ин ҳадафҳо ва ҳалли дигар масъалаҳои ҳалталаби рӯзномаи ҷаҳонӣ омодаи ҳамкориҳои муштарак бо кишварҳои шарик ва тамоми кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид мебошад.Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.
https://prezident.tj