22 сентябри соли 2025 дар ҳошияи иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии СММ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар чорабинии сатҳи баланд оид ба дипломатияи об иштирок ва суханронӣ намуд, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Дар суханронии худ Сироҷиддин Муҳриддин таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи захираҳои об ва тағйирёбии иқлим, аз қабили Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо — 2025, инчунин омодагӣ ба Конфронси оби Душанбе 2026 ва Конфронси оби СММ — 2028 дар Душанбе ҷалб намуд.Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин омодагии кишварро барои ҳамкорӣ бо тамоми шарикони байналмилалӣ ҷиҳати табдили мавзуи об ба пули ҳақиқӣ барои ҳамкорӣ, рушди устувор ва сулҳ иброз намуд.