Мулоқотҳои сафири Тоҷикистон дар Гурҷистон

Shared to Facebook

6-9 сентябри соли 2025 сафари кории сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон (бо иқоматгоҳ дар Боку) Илҳом Абдураҳмон ба Гурҷистон сурат гирифт, ки дар рафти он мулоқот бо губернатори минтақаи Кахетия Георги Аладашвили ва раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Автономии Аҷария Сулхан Тамазашвили баргузор гардид. Дар ин хусус маркази матбуоти ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Зимни мулоқотҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо минтақаҳои Гурҷистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин зарурати густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳанг, сайёҳӣ, ҷалби сармоя, инчунин тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид карда шуд.