Зимни мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Тери Ҳакала масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ва дурнамои онҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ, муҳити зист ва гуманитарӣ баррасӣ гардида, фазои мавҷудаи дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум омили асосии пешрафти ҳамгироии дуҷониба дониста шуд. Ин мулоқот рӯзи 2 март баргузор шудааст:
“Тақвияти нақши Иттиҳоди Аврупо дар татбиқи лоиҳаҳои иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи неки ҳамкорӣ арзёбӣ гардид”,- хабар медиҳад АМТ “Ховар”.
Дар мулоқот оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва мушкилоти марбут ба муҳити зист дар сайёра низ баррасӣ шуда, нақши пешбарии Тоҷикистон ва мувофиқаҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бадастомада дар ин самт калидӣ унвон гардид.
Зимни мулоқот бо Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бошад, Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Тери Ҳакала Тоҷикистонро яке аз шарикони боэътимод дар Осиёи Марказӣ дониста, иброз доштааст, ки қариб 30 сол мешавад миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун ба роҳ монда шудааст.
Бино ба хабари хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, Аҳмадзода гуфтааст, Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо Иттиҳоди Аврупо ҳамкории густарда ба роҳ монда, миёни сохторҳои ҷумҳурӣ ва ин ташкилоти байналмилалӣ робитаҳои гуногунҷанба мавҷуданд. Таъкид шудааст, ки дар ҷумҳурӣ ба соҳаи саноат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, аз ҷониби Президент солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” эълон шуданд:
“Дар ин самт вилояти Суғд ҳавасманд аст, ки ҳамкориро бо ташкилоти байналмилалӣ ва сармоягузорони хориҷӣ тақвият бахшида, бо истифода аз имконоти мавҷуда корхонаҳои нави саноатӣ бунёд, аҳолиро бо ҷойи кор таъмин ва сатҳи зиндагии мардумро боз ҳам беҳтар намояд”, — гуфтааст Раиси вилоят.
Ҳамзамон ҷонибҳо аз тақвияти равобит ва татбиқи лоиҳаҳо дар самти бунёди иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, соҳибкасб намудани калонсолон, таъмини дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ ва оби полезӣ, воридсозии технологияҳои нав изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои нав иброз доштаанд.