Шаршараи Ниагара 9 сентябр бо рангҳои Парчами Тоҷикистон фурӯзон хоҳад шуд

Shared to Facebook

Ба муносибати 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 9 сентябри соли 2025 шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯзон хоҳад шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ иттилоъ додааст.

Фурӯзонамоии шаршара соати 07:00 бо вақти Душанбе (8 сентябр, соати 22:00 бо вақти Ню-Йорк) оғоз меёбад. Ҳамзамон дар баробари фурӯзон гардидани  Ниагара,  намоиши ҷолиби мушакпаронӣ низ баргузор мегардад.

Ҳамагон метавонанд чорабиниро тавассути пахши мустақим дар ин сомонаҳо тамошо намоянд:

https://www.earthcam.com/canada/niagarafalls/?cam=niagarafalls ва ё https://www.earthcam.com/world/canada/niagarafalls/thefalls/?cam=niagarafalls2

Ёдовар мешавем, ки солҳои 2023 ва 2024 низ, ба муносибати Истиқлоли давлатӣ шаршараи Ниагара бо ранги Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯзон гардида буд.

Акс: аз манбаҳои боз