20 августи соли 2025 дар шаҳри Остона-пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон нахустин озмуни байналмилалии овозхонӣ бо номи “Silk Way Star” оғоз ёфт. Ин лоиҳаи фарҳангии бесобиқа, ки аз ҷониби ШТР-и Президенти Қазоқистон ва Медиакорпоратсияи Чин (CMG) роҳандозӣ шудааст, бо мақсади муаррифии истеъдодҳои нав, тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ ва муколама байни халқҳои Осиё баргузор мегардад.
Дар озмун намояндагони 12 кишвар иштирок мекунанд, аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон, Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Туркманистон, Малайзия ва Муғулистон.
Лоиҳа аз 10 бахш иборат аст: 9 барномаи қаблан сабтшуда ва финали бошукуҳ дар пахши зинда.
Тоҷикистонро дар ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ Фахриддин Ҳакимов, овозхони боистеъдоди тоҷик, намояндагӣ мекунад.
Фахриддин 29 августи соли 1991 дар шаҳри Истаравшан ба дунё омада, пас аз хатми мактаб ба Россия кӯчида, дар он ҷо ба фаъолияти эҷодӣ машғул шудааст. Ӯ дар барномаҳои маъруфи телевизионӣ, аз ҷумла «Ну-ка, все вместе!», «Голос» ва «X-Фактор. Беларус» ширкат варзида, бо садои нотакрораш таваҷҷуҳи ҳазорон мухлисонро ба худ ҷалб намудааст.
Дар ҷамъбасти озмуни “Silk Way Star”, ки рӯзи 22 ноябри соли 2025 баргузор мешавад, ғолиби озмун тавассути овоздиҳии якҷояи доварони байналмилалӣ ва тамошобинон интихоб мегардад. Ғолиби озмуни мазкур соҳиби унвони “SILK WAY STAR” мегардад ва имконияти муаррифӣ намудани истеъдоди худро дар саҳнаҳои ҷаҳонӣ ба даст меорад.
“ИмрӯзNews” ва Радиои “Шаҳри ман” ба Фахриддини Ҳакимов, ки бо муҳаббат ва масъулияти баланд Тоҷикистонро дар ин саҳнаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад, муваффақияту пирӯзиҳо таманно менамояд.
Умедворем, ки садои кишвари мо-Тоҷикистон ба қалби ҳазорҳо-ҳазор ҷаҳониён роҳ меёбад!