Русия дар доираи барномаи ғизои мактабии Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ ба Тоҷикистон 810 тонна орд ва 60,7 тонна равғани офтобпараст тақдим намуд.
Маросими супоридани кӯмаки навбатии башардӯстонаи Федератсияи Русия, ки барои иҷрои Барномаи ғизои мактабии СММ дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, рӯзи 14 август дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода, намоянда ва директори кишварии Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам, инчунин кормандони Сафорати Федератсияи Русия иштирок намуданд.
«Мо ҳама ба 1 сентябр омодагӣ мебинем. Чорабинии имрӯзаи мо саҳми муҳиме дар омодагӣ ба соли нави таҳсил мебошад. Бо ғизои солим таъмин намудани кӯдакон дар мактаб кори нек ва заминаи рушди солимии онҳо мебошад. Русия ҳамчун дӯст ва шарики Тоҷикистон ба ҳамкориҳои башардӯстона аҳамияти махсус дода, ба рушди соҳаи маориф кӯмак мерасонад»-иброз намуд Мушовири сафорати Русия дар Тоҷикистон Вера Хуторская.
Вера Хуторская ҳамчунин таъкид намуд, ки Тоҷикистон дар ин самт яке аз пешсафон ба шумор меравад ва ба дастовардҳои бузург ноил шудааст. “Русия ва Тоҷикистон ҳамчун шарикон дар бораи ин равиши дурусти ташкили раванди таълим дарки муштарак доранд”, — гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Вера Хуторская, хеле муҳим аст, ки кӯдакон дар мактаб бо ғизои дурусту солим таъмин гарданд.
Барномаи ғизои мактабии Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ яке аз калонтарин лоиҳаҳоест, ки дар Тоҷикистон бо маблағгузории Русия амалӣ мешавад. Он тақрибан 450 ҳазор хонандагони синфҳои 1 то 4-ро дар зиёда аз 2000 муассисаҳои таълимӣ дар 53 шаҳру ноҳияҳои кишвар фаро мегирад.