Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов бо Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев масоили марбут ба марзи байни ду кишварро баррасӣ кардааст.
Ба иттилоъи АМИТ “Ховар”, ҷаласаи навбатии муштараки Ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии ду кишвар рӯзи 14 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Аз ҷараёни музокирот тафсилоти бештар дода нашуда, танҳо зикр гардидааст, ки ҷонибҳо аз натиҷаи нишаст протоколи дахлдор имзо карданд.
Ҷонибҳо мувофиқа кардаанд, ки ҷаласаи навбатии комиссия дар Қирғизистон доир карда мешавад.