Баргузории маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Shared to Facebook

31 июли соли 2025 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус president.tj хабар додааст.

Дар маҷлис, нахуст дар бораи Нақшаи амали Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027, дар марҳилаи дуюм солҳои 2025-2027 гузориши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода шунида шуд. Дар кори маҷлис як қатор лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи мақоми омӯзгор”, “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд. Баъди муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои супоришҳо, тайёрии ҷиддӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, омодагии ҳамаҷониба ба соли нави таҳсили солҳои 2025-2026 ва вусъати корҳои ободонӣ баҳри истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини сохторҳои давлатӣ дастуру тавсияҳо доданд.