17 июли соли 2025 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Иттиҳоди Доминика барои ба таври мутақобил озод намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, хизматӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ эътибор пайдо намуд.
Тавре сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, тибқи муқаррароти ин созишнома, шаҳрвандони Тоҷикистону Иттиҳоди Доминика метавонанд ба ҳудуди ҳамдигар бе раводид ба муддати навад (90) рӯз ворид шуда, будубош намоянд.
Шарҳи бештар дар: https://mfa.tj/