Милитсияи ноҳияи Исмоили Сомонӣ соҳиби бинои нав гардид

Shared to Facebook

Бо иштироки роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ ва муҷаҳҳазсозӣ минтақаи хизматии милитсияи №3-и ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба истифода дода шуд.

Тавре аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар доданд, ин иқдоми роҳбарияти милитсияи пойтахт метавонад дар баланд бардоштани самаранокии фаъолияти нозирони минтақавии милитсия, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва пешгирии саривақтии ҷинояту қонуншиканиҳо мусоидат намояд.

Зимни шиносоӣ бо шароити кории фароҳамгардида ва мулоқот бо нозирони минтақавӣ, ҷиҳати бо масъулияти баланд иҷро намудани уҳдадориҳои хизматӣ, ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.