Мулоқоти сафир бо Раиси Бонки миллии Қатар

Shared to Facebook

14 июли соли 2025 мулоқоти сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ ва раиси Бонки миллии Қатар Абдуллоҳ Муборак Ал-Халифа баргузор гардид.

Тавре сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи молия ва бонкдорӣ мавриди баррасӣ қарор дода, ба тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузориҳои мустақим ба бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон таъкид намуданд.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои муассисаҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар ва дастгирии лоиҳаҳои муштарак таъкид карда, табодули сафарҳои ҷонибҳоро зарур шумориданд.