Ки имтиёзҳои нақлиётиро аз байн бардошт?
(тадқиқоти журналистӣ)
Имрӯзҳо дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт падидаи муноқишаву ғавғо ва дастбагиребонии ронандаҳо бо мусофирон ба ҳукми анъана даромадааст гӯем агар, хато намекунем! Фақат кофист, ки мусофире вориди мошин шавад ва шаҳодатнома шишон диҳад ё ҳарф аз “имтиёз” бигӯяд… Дарҷо, аз ҷониби ронанда, буклети (гулдастаи) таҳқиру даштному ҳақорат барояш пешниҳод карда мешавад.. Аз ҷумла ; “Ака, дига лугот мурдагияй, пла бти!”, “Хизмат кади, ба хъдта кади, пли давлата бтӣ!…” “Крахабор! удастворенията дар к… бзан! Ма план дорум..!” ва ғайраву ғайра…
Баъдан, тамоми ҳозирини дохили нақлиёти ҷамъиятӣ, ба ду қисм ҷудо мешаванд ва “разбор” сар мешавад! Як гуруҳи мусофирон шахси имтиёздорро пуштибонӣ мекунанд. Гуруҳи дуюм бошад, суханони ронандаро бо таври худ шарҳу эъҳоҳ медиҳанд ва аз шахси шаҳодатномадор талаб мекунанд, ки мисли дигарон, бояд пули нақд супорад! Баъзан, кор то даргирии тан ба тан мерасад. Он чизеро, ки ман худам дар муддати муайян мушоҳида намудам, ду дафъа ветеранҳои ба истилоъ; “интернатсионалист” ва “сохти конститутсионӣ” ронандаи автобусро, барои суханони қабеҳаш, лату кӯб карданд.. Як дафъа низ, баракс, ронандаи ҷавони тануманд ба марди миёнасоли сарсафед ҳамла намуда, пироҳани ӯро дар танаш пора-пора кард.. Боре, аз як нафар роҳбарони соҳаи мусофирбарӣ сабаби ин моҷароҳоро пурсидам, дар ҷабоб гуфт; “Мутаасифона, дигар конкретно, имтиёзҳо аз байн рафтанд!”
Имтиёзҳоро ки метавонад ботил эълон кунад?
Дар ин қазия аз ҳама аҷиб ин аст, ки ҳар ду тарафи баҳс ҳам (ронанда ва мусофири имтиёздор), аз номи ким-кадом “давлат” гап мезананд. Як тараф мегӯяд, ки; “Имтиёзро дар муқобили хизмати кардагиам, давлат муайян кардааст ва барои иҷрои он, кафолат додааст”. Тарафи дигар бо боварии тамом, даъво мекунад, ки; “Давлат тамоми имтиёзҳоро ботил эълон кардааст!”
Магар мешавад, ки давлат ҳамзамон ин гуна, ду то қонуни ба ҳам зидду нақизро якбора ба иҷро гузорад? Боре ронандаеро дидам, ки бар асари чунин даъвову хархаша, хеле асабонӣ шуд ва барои он, ки тарафи муқобил ба ҷиддияти далели овардааш дар мавриди ботил будани имтиёзҳои пешина, бовар ҳосил кунад, овезаи (плакати) обиранги дар шишаи пушти сари ронанда часпонидашударо, ки “Рӯйхати шахсони имтиёздор” унвон дошт ва аз мақомоти шаҳрдории пойтахти кишвар содир гардида аст, канда, пора–пора кард ва илова намуд, ки; «-Ин ҳама “крахаборҳо” (яъне имтиёздорҳо), ки то имрӯз аз ҳисоби давлат мечариданд, акнун льготҳояшон тамом шуд!».
Дар он рӯйхат ба 17 гуруҳи намояндагони касбу кори махсус, кӯдакони то панҷсолаи дар оғуши волидон сафаркунанда, маъюбон ва хизматнишондодагон аз ҷониби шаҳрдорӣ барои рафтуомад дар нақлиёти ҷамъиятӣ, имтиёз эълон карда шуда буд, ки ронанда онро канда, пора-порааш кард. Аҷаб пуррӯйии дилпурона!.. Масъулин дар бораи эҳтиром ба амру фармонҳои мақомоти шаҳрдорву президенту ниҳодҳои қонунгузори кишвар, фикр намекарда бошанд? Охир, ин амалҳо, қабл аз ҳама, ба обрӯи мақомот ва давлатмардон дар назди халқу миллат, зарба мезанад. Дар натиҷаи чунин муомилаи дағал ва беэҳтиромӣ ба қонун, имтиёздорон ва умуман соири шаҳрвандони мамлакат, пеш аз ҳама, аз мавқеъгирии мақомот дилсард мешаванд, ки аз як тараф давлат имтиёз эълон мекунад, аз тарафи дигар, гӯё боз ҳамон давлат, машруҳияти имтиёзҳоро эътироф намекарда бошад. Дар ин ҷо бояд кадом нофаҳмие ва ё кадом шарҳу эъзоҳи дурусттари масъала, мавҷуд бошад!..
Барои посух гирифтан ба ин савол, ба Шуъбаи нақлиёти мақомоти шаҳрдории шаҳри Душанбе рафта, аз мудири шуъба чунин савол кардем: “Дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, ронандагон бо мусофирони имтиёздоре, ки то ба имрӯз корти имтиёзӣ барояшон пешниҳод нашудааст, намехоҳанд ройгон хизмат расонанд ва дар ҳолати нишон додани шаҳодатномаҳои тасдиқкунанда, аз ҷониби мусофирони имтиёздор, бо онҳо муомилаи дурушт сурат мегирад ва тақрибан, ронандагони тамоми автобусҳои шаҳрӣ мегӯянд, ки имрӯз қонун имтиёзҳоро ботил эълон кардааст. Ин гапҳо асос доранд? Мудир гуфт, ки; “Оре! Тибқи талаботи қонун, акнун дар нақлиёти шаҳрӣ хизматрасонии пулакиву ройгон фақат аз тариқи корт сурат мегирад. Вақтҳои охир, бо тавсияи роҳбарони корхонаҳои нақлиётӣ воқеан, масъулин аз ронандаҳо талаб карда истодаанд, ки барои иҷрои ин қарор, муносибати ҷиддӣ дошта бошанд! Ба ғайр аз корт, дигар ҳеҷ ҳуҷҷатеро ба инобат нагиранд! Пурсидем;
“Имтиёздороне, ки аз навоҳии дурдасти кишвар барои муддати кӯтоҳ ба пойтахт меоянду корти нақлиётӣ надоранд, бояд чӣ кор кунанд?” Чунин ҷавоб гирифтем, ки: “Имтиёздороне, ки дар пойтахт мусофири муваққатӣ ҳастанд, бояд аз хешу табор ва наздикони худашон талаб кунанд, ки барояшон кортҳои муваққатӣ бихаранд!” Вақте, ки хостем вориди баҳси муфассалтаре шавем, ба мо гуфтанд; “Ба назди роҳбари барномаи “Сити корт”, ки ин равандро зериназар дорад, равед, ба шумо дурусттар мефаҳмонад!”
Ба қабули роҳбари барномаи “City Card” муҳтарам Садриддин Зиёвуддинов рафтем. Албатта, қабл аз ҳама, ба он кас ва ба барномаи Сити корт, барои навовариҳое, ки дар самти пардохтҳои ғайринақдӣ дар нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ карда истодаанд, изҳори миннатдорӣ намудем, зеро ин амал, ҷиҳати барӯз ва замонавӣ шудани системаи нақлиёти мусофирбари ҷамъиятии пойтахт ва мубориза бар зидди амалҳои коррупсионӣ дар мамлакат, хеле тадбири зарурӣ ва саривақтӣ мебошад!..
Баъдан, пурсидем; Ончуноне, ки бештари ронандагони нақлиётҳои мусофирбари ҷамъиятӣ иддао доранд, Оё дарвоқе, имтиёзҳои ветеранҳову маъюбон аз байн бардошта шудааст?
Роҳбари барнома гуфт; “Не, албатта! Имтиёзҳо ончуноне, ки қаблан буд, бетаъғйир мондаанд, аммо ба ғайр аз чор ноҳияи пойтахт, ки бидуни талаби маблағ, мо барояшон кортҳои “ройгон” тақсим карда додем, бояд барои кортҳои имтиёздорони дигар шаҳру навоҳии кишвар, ба сандуқи барнома маблағ пардохт карда шавад! Мо наметавонем ба тамоми имтиёздорони ҷумҳурӣ кортҳоро ройгон бидиҳем, Худи корти пластикӣ ҳам дар алоҳидагӣ, пул меистад!”
Гуфтем; “Шумо аз як тараф, тасдиқ мекунед, ки имтиёзҳо ҳанӯз ҷанбаи ҳуқуқӣ доранд ва ҳамзамон, барои содир намудани корт ба имтиёздорон ҳам пардохти нархи корти пластикӣ ва ҳам пардохти маблағи пурраи роҳкироро талаб мекунед! Ин ки мантиқан, боз ҳамон ботил шудани имтиёз аст, магар не?!
Гуфтанд; “Не! Маблағ на аз тарафи шаҳрвандони имтиёздор, балки аз тарафи мақомоти ҳукуматҳои маҳалӣ пардохт карда мешавад ва ё шахсони алоҳида мисли “соҳибкорони баномус” метавонанд ҷиҳати кӯмак ба имтиёздорони ниёзманди ноҳия ва ё шаҳраку деҳоти худ, аз мо корти нақлиётиро бо пардохти пурраи нархи он, харидорӣ карда, ба шахсони мустаҳақ ҳадя намоянд. Аслан, бояд ҳукуматҳои навоҳии марбута, он маблағеро, ки , барои ҳамин мақсад, дар буҷаи солонаи кишвар пешбинӣ шудааст, аз Вазорати молия ситонида, ба мо бидиҳанд, то мо барои имтиёздорони ҳар ноҳия, тибқи рӯйхати пешнишодшуда ва миқдори маблағи пурраи роҳкирои пардохтшуда, кортҳои ройгон содир намоем!”…
Дар ин қазия, баҳси асосӣ байни ниҳодҳои марбута, дар чист?
Дар сӯҳбати кӯтоҳе бо раиси барномаи “City Card” , ба хулосае омадем, ки масъулини барнома, шеваи ҳисоббаробаркуниро дар муомила бо ҳукуматҳои маҳалӣ ва ё Вазорати молияи кишвар, қабул надоранд. Мехоҳанд, ҳатман аз буҷа маблағи зарурӣ ҷудо карда шуда, аз тариқи шуъбаи молияи ҳукуматҳои маҳалӣ, ин маблағ ба суратҳисоби барнома рехта шавад ва ин талаботи ҳатмии худро, барои мубориза бар зидди фасод ( амалҳои коррупсионӣ) маънидод мекунанд…
Тадқиқоти ин масъала дар якчанд ноҳияҳои тобеи марказ, нишон медиҳад, ки дар коргузории моливу ҳифзи иҷтимойии мақомоти маҳаллӣ, мушкилоти зерин пеш омадаанд, ки садди роҳи ба имтиёздорони берун аз пойтахт, саривақт расонидани кортҳои имтиёзӣ шудааст;
- Масъулини барнома дар масъалаи хеле зиёд будани шумораи имтиёздорон дар рӯйхати аз ҷониби мақомотҳои маҳалӣ пешниҳодшуда, изҳори норозигӣ мекунанд ( яъне зарурияти ҷорӣ намудани маҳдудият дар шумораи имтиёздорони мавҷуда, пеш омадааст!”)
- Аз Вазорати молия ситонидани маблағи ба истилоъ “дар буҷа пешниҳодшуда” ба осонӣ ба даст намеомадааст; Шояд ин бо сабаби камбуди қисмати даромади буҷаи умумӣ ва ё шояд бо дигар сабабҳо бошад. Яъне на ҳама вақт маблағи воқеӣ барои харидории корти имтиёзӣ, пайдо ва ҷудо карда мешавад,
- Барнома шеваи ҳисоббаробаркуниро (взаиморасчёт) қабул надорад;
“Магар боз кадом қонуни тозае дар бораи ботил шудан ва ё тағйироти шарту шароити имтиёзҳои мавҷуда ба тасвиб расида бошад, ки мо аз он огаҳ набошем!?” Ба ин савол, ки мо барояш ҷавоб меҷустем,
Роҳбари барномаи “City Card” чунин посух дод; “Оре! Қарори ҳукумат № 360 ҳанӯз аз 2 сентябри соли 2021 мавҷуд буд, ки пардохти роҳкироя фақат аз тариқи кортҳои нақлиётӣ сурат гирад”. Вай боз илова намуд; “Дар он қонун як талаботи ҳатмист, ки шахси имтиёздор ҳангоми вуруд ба нақлиёти мусофирбар, ҳам корти “ройгон” ва ҳам шаҳодатномаи тасдиқкунандаи имтиёзро нишон диҳад. Ҳар яки ин ду ҳуҷҷат, дар алоҳидагӣ, ҷанбаи солими ҳуқуқӣ надоранд… Шумо он қарорро ёфта хонед, ба тамоми саволҳоятон ҷавоби пурра мегиред!” (ростӣ, аз нигоҳи мо, ин » талабот»-и гуфтаи ҳамсӯҳбатамон каме бемантиқ ба назар мерасад, шояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёздорӣ, ҳангоми содир кардани корт, ба масъулини кортдиҳанда пешниҳод карда шавад, на бо иловаи корти ройгон ба ронандагони автобус)…
Баъди чанд рӯзи ин мусоҳиба бо роҳбарияти барномаи мазкур, мушоҳида кардем, ки дар дохили бештари автобусҳои шаҳрӣ (истисно аз ҳолатҳои ангуштшумор) тамоми варақаву овезаҳои “Рӯйхати имтиёздорон” ба байн бардошта шуданд ва ба ҷои онҳо, як саҳифа аз Қарори маъруфи № 360-и Ҳукумат, ки дар дастгоҳи оддӣ нусхабардорӣ шудааст, дар дохили ҳамаи воситаҳои нақлиёти умумӣ назм гардиданд (нигаред ба акс дар поёни матн) ва расму одати “шаҳодатноманописандӣ”и ронандаҳо аз пештара дида, боз ҳам шадидтару қонеътар шуд!
Ниҳоят, ончуноне, ки роҳбари барнома дастур дода буд, мо дар расонаҳои маҷозӣ, суроғи ҳамон қарори ҳукуматии № 360 ро гирифта, онро пайдо кардем, хондем ва рости гап, моро ҳолате фаро гирифт, ки онро намешавад қаламдод кард! Охир, ин қарор ба ботил эълон кардани имтиёзи маъюбону ветеранҳо, ҳеҷ муносибате надорад! Ҳамчунин, дар он гуфта нашудааст, ки ҳисоббаробаркунӣ мамнуст, ончуноне, ки муддаиён аз ин санади расмии ҳукуматӣ, бардошти иштибоҳ намудаанд! Баракс, дар он (мантиқан) гуфта мешавад, ки бояд имтиёзҳо аз тариқи ҳисоббаробаркунӣ (взаиморасчёт) дар амал ҷорӣ карда шаванд, на дар баробари маблағи зиндаи пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукуматҳои маҳалӣ!
Талаботи асосиву мантиқиву меҳварии ин Қарор он аст, ки дар дохили автобус, пули нақд раъду бадал карда нашавад, то пеши роҳи фасоди молиро дар мамлакат бигиранд! Аммо, назми варақеро аз матни нопурраи ин қарор дар шишаҳои пушти сари ронанда, суйиистифода намуда, дақиқан баракси ҳадафи аслии қарор, ронандагон аз мусофирони бекорт, ҳамчунин аз имтиёдорони бекортмонда, ки ин ду гурӯҳ ҷамъан, имрӯз 40 % -и шумораи умумии мусофиони нақлиёти ҷамъиятиро ташкил медиҳанд, пули нақд ситонида, дар аксар ҳолат, дар ивази он пули нақд, як пора коғаз ҳам ба исми “билет” намедиҳанд. Ончуноне, ки мушоҳида мешавад, ҳатто тафтишкунандагон низ, аз мусофирони бекорти дохили нақлиёт намепурсанд, ки билет дорӣ ё не?!. Бо як ҷавоби оддӣ, ки; “Ман маблағ супоридам”, қаноат карда, дигар саволе намедиҳанд!.. Аммо, Худоро шукр, ки то ҳол, тафтишгарон аз амали ғайриқонунии ронандагон пайравӣ накардаанд ва тибқи мушоҳидаи мо, то ба имрӯз, ягон нафар шаҳодатномадореро, ки тавонистааст, ба ронанда пул надода, ба мошин дохил шавад, барои маблағ насупоридан, муҷаззо накардаанд!
Ростӣ, пайгириву назорату баҳогузориву қазоват дар масири давоми қазия, дар салоҳияти тадқиқоти рӯзноманогории мо нест! Раванди назорату қазовати иҷрои дурусти қонунҳо танҳо дар салоҳияти мақомоти Прокуратура ва дигар ниҳодҳои марбута мебошад ва шубҳае надорем, ки аз ҷониби муттахасисини ин ниҳодҳо ба қазияи мавриди назар, таваҷҷуҳи лозима, сурат хоҳад гирифт!
Фақат ҳаминро гуфтанием, ки баҳри таъмини иҷрои дурусти ҳамин қонуни № 360 Ҳукумати Тоҷикистон, барои тамоми имтиёздорони мавҷуда дар кишвар, ҷиҳати истифодаи маҷонии нақлиёти ҷамъиятӣ, бояд фавран кортҳои имтиёзии “ройгон” содир карда шавад ва ҳамчунин, бо дилпурӣ метавон гуфт, ки то ба имрӯз қонунгузор шеваи ҳисоббаробаркунӣ ва эътибори шаҳодатномаҳои маъюбону ветеранҳоро, ки дар ин қазия дар сатҳи масъалаҳои меҳварӣ нақш мебозанд, аз байн набардоштааст ва нахоҳад бардошт!
Вориси Сомон рӯзноманигор