Роҳбари давлат дар номаи таслияти худ аз мулоқот бо марҳум дар соли гузашта ёдовар шуда, гуфт хизмати ӯ боиси қадр аст
Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Декани Коллегияи кардиналҳои Тахти Муқаддас дар робита ба даргузашти Папаи рим барқияи изҳори ҳамдардӣ ирсол кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод.
«Хабари даргузашти Олиҳазрат Папаи Рим Франсиск боиси андӯҳи амиқи инҷониб гардид. Марҳум бо фаъолияти доманадори худ ба ҳайси Понтифики бузург дар умури ҷаҳонӣ саҳми босазо гузошта, бо ибтикороту амалҳои созандааш дар саросари олам маъруфият пайдо карда буд», — омадааст дар номаи тасаллияти президент.
Президент зикр намуд, ки хизматҳои шоёни ӯро дар таҳкими муколама миёни тамаддунҳо ва татбиқи фарогири усулҳои сулҳу субот, таҳаммулпазирӣ ва ризояти умум аз ҳар ҷиҳат назаррас медонад ва қадр мекунад.
Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқоти як соли пеши худ бо Олиҳазрат дар Ватикан ёдовар шуд ва саъю кӯшишҳои пайвастаи Папаи Римро дар ҷодаи таҳкиму тавсеаи робитаҳои ҳасанаи Тоҷикистон ва Тахти Муқаддас зикр намуд.