Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ /СААД/ Станислав Зас ба шабакаи телевизионии СТВ-и Беларус гуфтааст, ки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ нияти ба Афғонистон фиристодани неруро надорад.
“Оё Афғонистон қапқон нахоҳад шуд, оё дубора ба он ҷо фиристодани низомиён лозим намешавад? Албатта не. Инҳо тарсҳои комилан беасосанд”.
Котиби генералӣ афзуд, ки СААД созмони сиёсӣ-низомӣ ва дифоӣ мебошад.
“Дар шартномаи амнияти дастҷамъӣ, оиннома истифодаи қувваҳои дифоии дастҷамъиро танҳо дар доираи минтақаи масъулияти СААД, яъне дар ҳудуди кишварҳои мо пешбинӣ мекунад”, — ёдовар шуд Зас.
Вай ба натиҷаҳои нишасти охири СААД оид ба Афғонистон дахл намуда, гуфт, ки ин созмон маҷмӯи тадбирҳоеро барои коҳиши таҳдидҳои эҳтимолӣ, аз ҷумла мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ таҳия кардааст.
“Вазъият дар он ҷо тағйир меёбад ва инро бояд дар фаъолияти мо бодиққат омӯхт ва ба назар гирифт, аз ҷумла дар самти мубориза бо ин таҳдидҳо, ки аз байн нарафтаанд ва қисман баръакс — амалӣ шудаанд”, — хулоса кард Дабири кулли СААД.
Ёдовар мешавем, ки соли 2021 раёсати СААДро Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад. Ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) 16 сентябр дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси СААД, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.
АМИТ “Ховар”