Ҳушдори КҲФ: Хатари лағзиши тарма аз байн нарафтааст!

Shared to Facebook

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон, 5 январ аз километри 2 то 27 роҳи мошингарди Рашт-Сангвор, ки аз мавзеъи Лаби Ҷари ноҳияи Сангвор мегузарад, дар натиҷаи бориши зиёд лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Ин тарма харобӣ ва талафоти ҷонӣ надоштааст. 

“Тарма роҳи ҳаракати мошинҳоро муваққатан баст”, — хабар дод Кумита.

Барои тоза кардани роҳ 5 адад техники Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ҷалб карда, роҳ пурра тоза карда шудааст. Ҳаракати мошинҳо бемамониат идома дорад.

Гуфта мешавад, дар қитъаҳои осебпазири роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғ барои таъмини амнияти аҳолӣ аз ҳисоби наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва кормандони БДА постгоҳҳо таъсис дода шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, КҲФ ҳушдор додааст, ки дар пайи гарм шудани ҳаво дар рӯзҳои ахир ва боришоти рӯзҳои пеш дар ноҳияҳои ВМКБ, дар кӯҳҳои қаторкуҳҳои Ҳисор, инчунин дар роҳҳои мошингарди Душанбе – Хуҷанд – Чанок, Душанбе – Рашт – Лахш, Душанбе – Сангвор, Кӯлоб – Дарвоз, Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб эҳтимоли лағзиши тарма, резиши сангу рег ва яхбандӣ боқӣ мемонад.

Вобаста ба ин аз сокинони кишвар хоста шудааст, ки аз сафар ба минтақаҳои тармахез худдорӣ кунанд, муваққатан ба доманакӯҳҳо барои ҳезум нараванд, молчаронӣ накунанд, ба шикоргоҳ низ нараванд:

“Ронандагон ҳангоми сафар дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро риоя намоянд. Риояи фосилаи байни мошинҳо ва боло набурдани суръати ҳаракат гарави аслии бехатарӣ дар роҳҳост”, — таъкид кардааст Кумита.

Ҳамзамон аз шаҳрвандон ва меҳмонон даъват шудааст, ки дар ҳоли пеш омадани ҳолатҳои фавқулода ба ин рақамҳо занг зананд:

112;

93 880 28 19.