Шикояти 1200 муҳоҷири тоҷик танҳо дар як ҳафта

Shared to Facebook

оид ба боздошти ғайриқонунӣ, нақзи ҳуқуқ аз сӯи пулис ва қарорҳои беасоси ихроҷ

Танҳо дар як ҳафтаи охир 1200 муҳоҷири кории тоҷик оид ба боздошти ғайриқонунӣ, нақзи ҳуқуқашон аз сӯи пулиси Русия ва қарорҳои беасоси ихроҷашон аз сӯи судҳои ин кишвар ба ҳуқуқшиноси Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия шикоят кардаанд. Дар ин бора Шӯрои ҷамъиятӣ хабар медиҳад.

Шӯро мегӯяд, ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ дода шуда, масъалаҳои марбутаи шаҳрвандон барои баррасии минбаъда аз ҷониби ҳуқуқшиносони Шӯрои ҷамъиятӣ қабул карда шуданд.

Гуфта мешавад, ҳар ҳафта рӯзи шанбе ҳуқуқшиносони Шӯро шаҳрвандони Тоҷикистонро дар бинои сафорат қабул ва дар робита ба мушкилашон тавсияву машваратҳои ҳуқуқӣ медиҳанд:

“Дар давоми ҳафтаи равон ба ҳуқуқшиносони Шӯрои ҷамъиятӣ зиёда аз 1200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба гирифтани тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ муроҷиат намуданд”, — гуфтааст Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат.

Ин ниҳоди ҷамъиятӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия қарор доранд, даъват кардааст, вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқии худ ба Шӯрои ҷамъиятӣ, воқеъ дар бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Русия, шаҳри Маскав, кӯчаи 2-юми Тверская- Ямская, хонаи 40\3 муроҷиат кунанд.

Шӯрои ҷамъиятӣ як ниҳоди машваратии ҷамъиятӣ буда, дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия фаъолият мекунад.

Муроҷиати ҳазорон шаҳрванди Тоҷикистон ба Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон  дар ҳолест, ки баъди ҳодисаи “Крокус Сити Ҳол”, ки дар он чанд шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбар дастгир шуданд, фишор болои муҳоҷирон ҳам дар дохили Русия ва ҳам дар гузаргоҳҳои сарҳадии ин кишвар ба маротиб афзудааст.