Иброҳим Сангинович: Пешвои миллат анъанаҳои миллии ҳазорсолаҳо қаблро зинда карданд

Shared to Facebook

15 октябр дар шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои бахшида ба ҷашни 700-солагии шоири бузурги тоҷик Камоли Хуҷандӣ оғоз шуданд. Симпозиуми байналмилалии “Ҷойгоҳи Камоли Хуҷандӣ дар адабиёти Шарқ” то 17 октябр идома ёбад. Чорабиниҳои ҷашнӣ аз гулгузорӣ дар пояи ҳайкали Камоли Хуҷандӣ оғоз гардида, иштирокчиён турбати Камолро зиёрат ва аз хона-музейи шоир боздид намуданд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд сафар карда, дар чорабиниҳои идона ширкат варзиданд.

Чорабиниҳои асосии ҷашн дар “Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ” баргузор шуданд.

Зимни сафари корӣ ба шаҳри Хуҷанд хабарнигори “ИмрӯзNews” дар суҳбате бо Иброҳимов Иброҳим Сангинович, Директори генералии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд”, ки “Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ” низ шомили ин Муассиса аст, аз таърихи пайдоиши боғ, навсозии он, пайкара, оромгоҳ ва манзили Камоли Хуҷандӣ, чорбоғи шоир ва барномаи чорабиниҳои ҷашнӣ пурсид.


— “Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ” бо он ки дар соҳили Сирдарё бунёд шудааст, на танҳо як ҷойи хушбоду ҳавост, балки онро “қалби Хуҷанд” ҳам меноманд. Ин номгузорӣ аз куҷост ва чаро барои бунёди боғ маҳз ҳамин мавзеъ интихоб шуд?

— Таърихан, “Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ”, воқеъ дар соҳили чапи Сирдарё, соли 1924 ташкил шуда, 1-уми майи соли 1939 расман кушода шуд. Ҳамин тавр, қариб як аср боз ин боғ ҷойи истироҳату фароғати шаҳрвандону меҳмонон аст. Дар ин муддат чорабиниҳои зиёде ин ҷо баргузор шудаву меҳмонони зиёди олиқадр ташриф овардаанд.

Ҳоло ҳам, ки ин боғ маркази асосии чорабиниҳои бахшида ба ҷашни 700-солагии шоири маъруфи тоҷик Камоли Хуҷандӣ аст, ҳамарӯза ҳайатҳои зиёди меҳмонон аз минтақаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар ба тамошои боғ ва зиёрати мадфани рамзии шоир меоянд.

“Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ” дар маркази шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Аз ин ҷо ба ҳама самтҳои шаҳр роҳи гузар мавҷуд буда, ҳамчунин, нуқтаи ҳисоби масофаи байни шаҳрҳо маҳз дар даромадгоҳи ҳамин боғ гузошта шудааст.

Аз рӯи мушоҳидаҳо, ҳар нафаре, ки бори аввал ба шаҳри Хуҷанд меҳмон мешавад, кушиш мекунад, ин боғро як маротиба тамошо кунад. Зеро ин боғ на натанҳо як мавзеъи фароғату тамошо, балки як минтақаи шиносоӣ бо таърихи миллати тоҷик аст. Дар атрофи боғ Театри мазҳака ва мусиқии Камоли Хуҷандӣ, Қалъаи Хуҷанд ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҷой гирифта, худи боғ ва иншоотҳои атрофи он ва дар маҷмӯъ, ҳама он чӣ дар атрофи боғ мавҷуданд, саҳифа ба саҳифа таърихи моро бозгӯ мекунанд.

Ин ки ин боғро “қалби Хуҷанд” меноманд, аз ҳамин ҷост. Ва омилҳои дигари таърихӣ ҳам дорад. Масалан, қабл аз он ки ин ҷо боғ бунёд шавад, одамон аз минтақаҳои гуногуни вилоят ин ҷо ҷамъ шуда, иду ҷашнҳое, мисли Наврӯз, Сада, Меҳргон ва ғайраро таҷлил мекарданд. Ҳамин тавр, баъдҳо ин мавзеъ ба ҷойи асосии ҷамъшавии мардум табдил ёфт, то замоне ки расман ҳамчун боғ арзи ҳастӣ кард.


— Cоли 2014 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки “Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ” навсозӣ карда шуда, минбаъд як зумра барномаҳои дигари фарҳангиву таърихӣ дар боғ амалӣ карда шаванд. То ин замон чӣ корҳо ба анҷом расонида шуданд?

— Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, навсозии “Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ” соли 2014 оғоз ёфта буд.

Баъдан соли 2015 дастур дода шуд, ки Қалъаи таърихии Хуҷанд ва “Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ” ба як осорхона дар зери осмони кушод бо растаҳои ҳунармандон табдил дода шавад. Ҳамчунин, барои зери назари ЮНЕСКО дар соли 2020-ум ҷашн гирифтани 700-солагии Камоли Хуҷандӣ санадҳои зарурӣ омода ва ба ин созмони ҷаҳонии фарҳангӣ пешниҳод карда шавад.

Таври маълум, боғи навсозишудаи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо пайкараи ӯ, мақбара ва хонаю чорбоғи рамзии ин шоири ширинкаломи тоҷик, ки оромгоҳи воқеияш дар шаҳри Табрези Эрон қарор дорад, 21 марти соли 2015 ифтитоҳ ёфт.

Дар асоси супориши Сарвари давлат, боғ пурра навсозӣ карда шуд. Аз ҷумла, дарвозаи боғ бо 24 метр дарозӣ ва 11,6 метр баландӣ ва 16 сутуни меъморишуда бунёд гардид. Ҳамчунин, дар миёнаи боғ фаввораҳо ва ҷӯйи об сохта шуд.

Дар боғ пайкараи навбунёди Камоли Хуҷандӣ гузошта шуд, ки аз 6 тонна метали биринҷӣ сохта шуда ва атрофаш бо сангҳои хорои маҳаллӣ оро дода шудааст. Ҳамзамон оромгоҳи рамзии Камол сохта шуда ва дар паҳлӯи он хонаи рамзии шоир бо ороишот ва нақшу нигори миллӣ бунёд ёфт.

Ба ғайр аз ин, ашъори Камоли Хуҷандӣ бо сифати баланд нашр ва дастраси хонандагон гардонида шуда, дар Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ ва дигар муассисаҳои илмию фарҳангӣ корҳои ҷамъоварӣ, омӯзиш ва табъу нашри дастхатҳои девони шоир вусъат дода шуд.

Ҳоло мешавад гуфт, ки Пешвои миллат ба ин васила анъанаҳои миллии садсолаҳову ҳазорсолаҳо қаблро зинда карданд.


— Яке аз маъруфтарин мавзеъи “Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ” – ин чорбоғи Камол аст, ки дар дохили ҳамин боғ бунёд шудааст…

— Чорбоғи Камол аз ин ном гирифта шудааст, ки ҳавлии рамзии шоир аз чор қисм иборат аст. Ин ҳавлӣ ва боғ яке аз унсурҳои асосии хонаҳои асримиёнагӣ ва ҳам муосири тоҷикон аст.

Дар чорбоғи Камол хонаҳои қадимисохт бо унсурҳои таърихӣ, василаҳои зиндагии гузаштагони мо мавҷуд буда, ҳамчунин, дарахтони зардолу, бодом ангур ва анор шинонда шудаанд. Аз ҷумла, дар атрофи ҳавзи ҳавлӣ 40 бех дарахти сиёҳбед қомат афрохтааст, ки тибқи талаботи аз аҳди бостон расидаи тоҷикон барои аз намӣ ва шӯра эмин нигоҳ доштани хонаю биноҳои атрофи ҳавз шинонда мешудааст.

Ҳам хонаи рамзӣ ва ҳам чорбоғи Камол бо ороишот ва нақшу нигори миллӣ бунёд ёфтаанд, ки тарзи ҳавлидорӣ ва боғдории гузаштагони моро бозгӯ мекунанд. Дар чорбоғ ҳама воситаҳои зиндагӣ, ки барои зиндагонии як оилаи қадимӣ зарур буданд, ҷой дода шудаанд. Масалан, даромадгоҳи ҳавлӣ иборат аз ҳавзи об, роҳравҳо, гулҳову дарахтон иборат аст. Худи ҳавлӣ ё хона дорои воситаҳои зиндагӣ – шурӯъ аз дегу табақу кӯрпаву болишт, то утоқҳои зимистонаву истироҳатӣ ва ғайра иборатанд.

Дар қисмати дигар хумҳои захиравию дастгоҳи бофандагӣ, ошхона, анҷомхона ва монанди инҳо ҷой дода шудаанд.

Дар боғи ҳавлӣ, ки асосан барои истироҳат ва ҷамъшавии дӯстону наздикон пешбинӣ шудааст, кат барои нишастан, дарахтони сояафкану мевадиҳанда, ҷӯйи об ва ғайра мавҷуданд.

Дар назари аввал ин як ҳавлии муқаррарист, аммо агар бо он таваҷҷуҳ кунем, мушоҳида мешавад, ки ин ҳавлӣ моро бо чигунагии тарзи зиндагии гузаштагонамон ошно менамояд. Ба ин васила хоҳем донист, ки дарвоқеъ, гузаштагони мо дар чӣ шароите умр ба сар мебурданд. Хеле оддӣ, вале зебою диданӣ.


— Барои як тамошобин ё сайёҳи хориҷӣ “Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ” боз чӣ аҷобате дарад?

— Соли 2015, вақте ки “Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ” баъди навсозӣ ифтитоҳ гардид, як каф хоки мадфани шоир аз Эрон оварда ва дар мадфани рамзияш гузошта шуд. Ин мушти хок дар рӯзи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оромгоҳи рамзии Камоли Хуҷандӣ гузошта шуд. Бо гузашти садсолаҳо пас аз дунёро дар ғарибиҳо падрӯд гуфтани ин шоиру орифи ғазалсаро мадфани рамзии ӯ дар зодгоҳаш бунёд ёфт ва чун шеъру Наврӯз ва хоку Ватан тамъаманд, овардану ин ҷо гузаштани хоки ӯ хеле рамзӣ ҳам ҳаст.

Яъне, бо ҳидояту раҳнамоии адабпарваронаи Пешвои миллат шоҳиди бозгашти маънавии шоири ғазалсаро, андалеби Хуҷанд Хоҷа Камол гардидем. Ин орзуи кулли мардуми тоҷик буд, ки ба шарофати Истиқлолият ва Пешвои миллат амалӣ гардид. Ин хоки муқаддаси марқади шоир, ки “орзуманди диёри хешу ёрони хеш” буд, ҳоло ба зиёратгоҳи аҳли илму фарҳанг, шоирону адибон ва кулли мардуми шеърдӯсту шеърпарвар табдил ёфтааст.

Ҳамаи ин аз назари сайёҳони хориҷӣ канор намемонад. Бубинед, ҳатто имрӯз ҳам дар шароите, ки вазъи эпидемиологии ҷаҳон ҷиддан тағйир кардааст, ҳамарӯза даҳҳо нафар аз кишварҳои хориҷӣ ба Хуҷанд меоянд ва ин боғро тамошо мекунанд. Ин баёнгари таваҷҷуҳ ба таъриху фарҳанги мост.

Таври маълум, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таърих ва илму фарҳангамон таваҷҷуҳи зиёд доранд. Бахусус, дар муаррифии расму анъанаҳои миллӣ ва шиносоии таърихи пурғановат саҳми Сарвари давлат хеле бузург аст. На танҳо тавассути навиштани силсилакитобҳо оид ба таърихи миллати тоҷик, балки амалан миллати соҳибтамаддуну дорои таърихи ҳазорсолаҳо буданамонро муаррифӣ намуданд. Дар минбарҳои баланди ҷаҳонӣ миллат ва таърихи тоҷиконро шиносоӣ карданд.

Таҷлили 700-солагии Камоли Хуҷандӣ ин идомаи мантиқии 2700-солагии Кӯлобу 3000-солагии Ҳисор, 5500-солагии Саразм, Соли тамаддуни ориёӣ (2006), Соли бузургдошти Имоми Аъзам (2009) ва ғайра аст. Хоҳем дид, ки дар ҷараёни чорабиниҳои илмиву фарҳангии бахшида ба 700-солагии Камоли Хуҷандӣ олимону муҳаққиқон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла, аз Афғонистон, Ӯзбекистон, Олмону Фаронса, Покистону Ҳиндустон, Туркияву Эрон ва дигар камолшиносон саҳифаҳои наверо аз таърихи миллати тоҷик бозгӯ хоҳанд кард.

Аз сӯи дигар, бубинед, танҳо дар моҳҳои охир бо ташаббус ва дастгирии Раиси муҳтарами вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода вобаста рӯзгору осори шоири маъруф Камоли Хуҷандӣ даҳҳо китоби нав нашр шуданд, ки барои омӯзиши эҷодиёт ва шинохти шоир саҳми бузург хоҳанд гузошт. Раиси вилоят, ки худ як шахси фарҳангиву дӯстдори таърих ҳастанд, ҳамеша дар суҳбатҳояшон таъкид мекунанд, ки саҳмгузорӣ дар муаррифии таъриху тамаддуни миллати тоҷик вазифа ва рисолати ҳар яки мост. Ҳамин аст, ки худ чорабиниҳои бузурги фарҳангиро роҳандозӣ кардаву дар пайравӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор аз соҳибтамаддунии миллати тоҷик суҳбат мекунанд.

Рисолати таърихии Пешвои миллат ҳам ҳамин аст, ки пешорӯи ҷомеаи ҷаҳон истодаву гуфтанд, мо миллатем, таъриху тамаддуни ҳазорсолаҳо дорем. Ҳамин аст, ки имрӯзу рӯзҳои дигар таваҷҷуҳи ҷомеаи фарҳангиву таърихшиносии ҷаҳон сӯи Тоҷикистон хоҳад буд.


Муним Оламов

ИмрӯзNews

Душанбе-Хуҷанд-Душанбе

Маълумоти шарҳиҳолӣ

Иброҳимов Иброҳим Сангинович 14 августи соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шудааст.

Соли 1977 мактаби миёнаи №5-и шаҳри Хуҷандро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро дар фабрикаи мебелбарории шаҳр ба сифати коргар оғоз намуда, соли 1978 бо роҳхати коргоҳ ба Донишкадаи лесотехникии шаҳри Лвови Украина дохил гардид.

Баъд аз хатми Донишкада дар соли 1983, ба коргоҳи мебелбарорӣ баргашта, дар вазифаҳои устои сехи истеҳсолӣ, муҳандис-технологи сехи №1, муҳандис-технологи сехи истеҳсолӣ, сартехнологи фабрика, сардори сехи маҳсулоттайёркунӣ, сардори шӯъбаи техникӣ фаъолият кард.

Хидматҳои ӯро ба назар гирифта, соли 1987 ба вазифаи инструктори шӯъбаи саноат ва нақлиёти кумитаи шаҳрии Ҳизби коммунист таъин карданд.

Соли 1988 котиби аввали кумитаи шаҳрии комсомол интихоб гардид.

Аз соли 1990 то соли 1992 дар вазифаи мудири шӯъбаи ташкилӣ, котиби комитети марказии комсомол, ҷонишини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон адои вазифа кард.

Соли 1992 котиби дуввум ва котиби аввали кумитаи шаҳрии Ҳизби коммунист дар шаҳри Хуҷанд, соли 1995 вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Соли 1995 ҷонишини Раиси шаҳри Хуҷанд ва аз соли 1997 Раиси шаҳри Чкаловск таъин шуд.

Фаъолияти меҳнатии ӯ аз соли 2003 ҳамчун Директории корхонаи воҳидии муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷа “Тоҷикхориҷакор”-и вилояти Суғд идома ёфта, аз соли 2007 Директори ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “ММК-Чкаловск” буд.

Моҳи апрели соли 2010 ба вазифаи муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардид.

Узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (1999) вакили Маҷлиси вилоятӣ (2000-2005), вакили шаҳри Чкаловск (2010), вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум (аз соли 2015).

Аз моҳи сентябри соли 2009 шаҳрванди фахрии шаҳри Чкаловск.

30 июли соли 2015 Директори генералии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд” таъин шуд.

Оиладор. Соҳиби се фарзанд ва се набера.