Табрикоти Фармондеҳи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал — майор Рауфзода Суҳроб Орзу бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Муҳтарам афсарон, сарбозон, ҳайъати шахсӣ ва пропоршикҳо!
Манзараи мутантани таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ маро ба ёди замонҳои гузаштаи бештар аз биступанҷсола мебарад…
Тахминан рӯзҳои аввали даҳаи дуюми моҳи июни соли 1997 буд. Пайи иҷрои вазифаи хизматӣ дар машқгоҳи таълимии кӯҳии қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ (дар 54-ум километри шоҳроҳи Душанбе — Хуҷанд, ҳудуди ноҳияи Варзоб) қарор доштам, ки командири қисми ҳарбӣ, шодравон генерал-майор Қосимов Суҳроб Абдулҳақович тавассути навбатдори фаврии қисми ҳарбӣ маро назди худ хонд.
Бо ҳозир шудан ба назди командири қисми ҳарбӣ, дастур гирифтам, ки ҳамчун муҳофиз дар ҳайати ҳукуматӣ барои сафар ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия омодагӣ бинам. Як рӯз баъд мо бо хамроҳии ҳайати ҳукуматӣ, ки онро Сарвари давлат роҳбарӣ мекарданд, озими шаҳри Москва шудем.
Тахминан ҳафтае дар шаҳри Москва қарор доштем.
Ба ман шарафи бузург муяссар гардид, ки собиқ командири ҳамин қисми ҳарбӣ, генерал-майор Суҳроб Қосимовро, ки ягона шахси ҳарбӣ дар ҳайати ҳукуматӣ буд, дар ҷараёни ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ҳамроҳӣ кунам ва шоҳиди бевоситаи ин ҳодисаи барои миллат ниҳоят пурарзиши таърихӣ шавам. Сарнавишт ба ман ин ифтихорро муяссар намуд, ки ҳамчун афсари ҷавон (24-сола) дар маросими таърихии баимзорасии Созишномаи сулҳ иштирок намоям.
Бояд зикр намуд, ки ин паймон ва ин созишномаи нодир — дар намунаи сулҳ миёни тоҷикон, ки институтҳои низомии ҷаҳон онро мавриди омӯзишу пажуҳиш қарор додаанд, ба осонӣ ба даст наомадааст. Барои расидан ба ин ҳадафи олӣ ҳазинаву гузаштҳои зиёде сурат гирифтааст! Махсусан, сайъу кӯшиш ва талошҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷодаи барои сарнавишти халқу миллат ниҳоят муҳим сутуданист!
Қайд бояд намуд, ки ин сулҳ барои давлату миллати мо бисёр арзиши гарон дорад. Зеро тибқи таҳлилҳо, тӯли ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон беш аз 150 ҳазор қурбонӣ, ҳазорҳо оилаҳо вайрон ва ҳазорҳо нафар тифлону наврасон ятим гашта, ҷараёни рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳуриро ба ҳадди ақал, барои 50 сол қафо андохт.
Дар ин ҷараён нақши мақомоти таъмини амнияти ҷумҳурӣ, бахусус Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ муассир буд ва дар роҳи таъмини сулҳу тақвияти Истиқлолияти давлатӣ қариб 600 нафар хизматчиёни ҳарбии ин ниҳод ҷони худро аз даст доданд. Фақат аз ҳисоби хизматчиёни ҳамин ниҳод садхо хонавода бесарпараст, садҳо хонум бешавҳар ва бештар аз ин ҳам кӯдакони зиёд ятиму бепадар гардиданд. Садҳо нафар ҷавони издивоҷнадида ҷавонмарг шуданд ва модарони зор дар мотами фарзандон нишастанд…
Ин мусибат тамоми кишварро фаро гирифта буд…
Шуруъ аз моҳи марти соли 1992 кулли мардуми Тоҷикистон тӯли зиёда аз 5 сол ҳамарӯза интизори хабари хуши “анҷоми муноқишаҳои дохилӣ ва ҷанги бемаънии бародаркуш” буданд.
Хукумати Тоҷикистон аз заҳмати фарзандони муътабари миллат, давлатҳои барои мо дӯст ва аз нақши таърихии ташкилотҳои ҷамъиятиву байналмилалӣ оид ба ҳарчӣ зудтар хотима бахшидани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қадрдонӣ мекунад.
Дар ин раванд 8 марҳилаи музокироту мулоқотҳо оид ба барқарор сохтани сулҳ дар Тоҷикистон анҷом дода шуд. Музокирот дар кишвари дӯсту бародари Россия – шаҳри Москва оғоз гардида, дар Теҳрону Исломобод, Кобулу Алмаато ва Ашқобод идома ёфт ва дар ниҳоят, рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба имзо расид.
Мо, насли калонсоли миллат, он рӯзҳои мудҳиш ва ҳодисаҳои даҳшатборро фаромӯш накардаем ва фаромӯш карда ҳам наметавонем. Зеро дар он рӯзҳо хавфи воқеии аз байн рафтани давлатдории миллӣ, нест шудани миллат ва ба харобазори ҷангу макони нашъаву қашшоқиву пойгоҳи терроризм табдил ёфтани Тоҷикистон таҳдид мекард.
Дар он рӯзҳо ягон нафари мо имрӯзи Тоҷикистонро тасаввур ва ё бовар карда наметавонистем, зеро давлат ва дар симои он, мақомоти қудратӣ амнияти шахсу давлатро кафолат дода наметавонистанд.
Афсарони ҷавону сарбозон бояд доим дар ёд дошта бошанд, ки имрӯза ҳаёти орому осоиштаи мо маҳз аз рӯзи Ваҳдати миллӣ оғоз гирифтааст.
Мову Шумо бояд ин падидаи қиматтарини миллиро қадр кунем ва онро бо андешаи неку амали неки ҳаррӯзаи худ арҷгузорӣ, дифоъ ва ҳифз намоем.
Бовар дорам, ки Шумо мисли онҳое, ки барои пойдории сулҳу субот дар Ватани азизамон сина сипар карданд, сарбаландона хизмат хоҳед кард ва аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои хизматӣ-ҷангии худ хоҳед баромад.
Бори дигар Шумо, сарбозон, афсарон ва ҷумлаи ҳайъати шахсии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати шахсии Қувваҳои муссаллаҳ, ҳамчунин хизматчиёну афсарони тамоми мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва, албатта, тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистонро бо ин рӯзи саид муборакбод гуфта, ба Шумо тансиҳатии бардавом, хонаободию сарбаландӣ ва дар фаъолияти хизматии пурмашаққату бошарафатон бурдборӣ таманно дорам!
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак бошад!