Мардуми тоҷик аз давраҳои бостон то ба имрӯз баробари таҳкими дӯстиву рафоқат ва сулҳу субот ба қадри илму дониш ва мактабу маориф низ мерасанд ва ба ин манбаи ташаккулдиҳандаи арзишҳои маънавии ҳаёти инсон арҷ мегузоранд.
(Эмомалӣ Раҳмон)
Ҳаётро бе омӯзиши дониш, илму маърифат ва фарҳангу маданият тасаввур кардан ғайриимкон аст. Зеро ин омилҳо дар зиндагии одамон барои дарки худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ, баланд бардоштани тафаккуру ҳуввияти миллӣ ва рушду инкишофи давлат хизмат менамоянд.
Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар як марҳалаи ниҳоят ҳассосу тақдирсоз қарор дошт. Ҷанги дохилӣ хоҷагии халқро вайрону хароб, иқтисодиётро суст, илму фарҳангро ба гӯшаи фаромӯшӣ бурда, фишангҳои давлатдориро фалаҷ гардонида буд.
8 декабри соли 1992 ҷумҳурӣ дар вазъияти ниҳоят душвору вазнин ва тақдирсоз, ки хатари аз байн рафтани давлату миллат ногузир буд, қарор дошт. Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба ақлу фаросат ва хираду заковати азалӣ ба мардуми рӯшанфикр ва бонангу номуси кишвар муроҷиат карданд: “Халқи мо имрӯз душвортарин ва фоҷианоктарин давраҳои таърихи хешро аз сар мегузаронад. Ҳақиқат талх аст, вале мо бояд иқрор шавем, ки қувваҳои муайян сабабгори фоҷиаи миллат гардидаанд. Дар натиҷа будан ё набудани ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо зери хатар монд”.
Муроҷиати Роҳбари давлат дар вазъияте садо дод, ки хоинони давлату миллат, шахсони ҷоҳталабу манфиатҷӯ бо истифода аз бесарусомониҳо мехостанд ҳадафҳои ғаразноку душманонаи худро пиёда сохта миллатро пароканда ва осору фарҳангу тамаддуни куҳанро барбод диҳанд.
Боло гирифтани ҳисси кинаву адоват, ҷоҳилӣ ва ҳасудию нотавонбинӣ дар шахсони алоҳида, аъзои ташкилоту гуруҳҳои ифротӣ сабаби бо дасти худ оташ задани хонаи хеш ва куштори ҳазорҳо нафар одамон гардид. Кор то ҷое расида буд, ки шахсиятҳои илмию фарҳангӣ, олимон, устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ мавриди таҳқиру хушунат ва сӯйиқасди гуруҳҳои муташаккили ҷиноятпеша гардида, аз дасти онҳо ба ҳалокат расиданд.
Амалҳои даҳшатовару хиёнаткоронаи душманони давлату миллат ва бедодгариҳои гуруҳҳои муташаккили ҷинояткор боиси ташвишу изтироби ҷомеа, бахусус Сарвари давлат гардида буд.
Тоҷикон бо фарҳангу маданият ва таъриху тамаддуни оламшумул ҳамеша аз дигарон боло буданд ва бартарӣ доштанд, вале дар ибтидои расидан ба соҳибистиқлолӣ ба мушкилиҳои зиёд дучор омада, дар ҳалли масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ оҷиз монданд.
Гуруҳҳое, ки манфиати шахсию гуруҳиро аз манфиати давлату миллат боло медонистанд, тавонистанд нафарони бесаводу гумроҳ ва аз фарҳангу маданият бехабарро ба доми худ ҷалб намуда, бо роҳи тафриқаандозӣ, ангехтани мухолифату зиддият ва тарғиби ақидаву афкори бегона муқобили бародарони худ равон кунанд.
Кишварро парешонӣ ва аҳолиро ноумедӣ фаро гирифта буд. Дар он моҳу солҳои пурташвишу пуризтироб одамон танҳо дар андешаи таъмини рӯзгор ва амнияти хонавода буданд. Ҷавонон аз омӯзиши илму маърифат ва кӯдакону наврасон аз мактабу кудакистонҳо дур гардида, зери таъсири руҳониёни хурофотпараст ва гуруҳҳои ҷиноятпеша монда буданд. Муллову эшонҳо хонаҳои худро ба мактабу мадраса табдил дода, бо машғул гардидан ба таълимоти ғайриқонунии динӣ дар зеҳни кӯдакону наврасон афкору андешаи ифротгароӣ ва тарғиби фарҳанги бегонаро ҷой мекарданд, ки баъдтар пайомади он дар иштироки садҳо нафар ҷавонони тоҷик дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи давлатҳои Сурияву Ироқ ифшо гардид.
Соҳаи маориф, мактабу дабистонҳо, муассисаҳои таълимӣ дар ҳолати ногувор қарор гирифта, мутахассисону омӯзгорони варзида тарки кору вазифа карда буданд. Гуруҳе барои пайдо кардани шароити хуб ва рӯзгори мусоид ба кори дигар гузашта, дигарон барои таъмини рӯзгор, ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ берун аз кишвар рафтанд.
Барои пурра ба таълиму таҳсил фаро гирифтани наврасону ҷавонон муаллимон намерасиданд. Ҳамзамон, дар аксар минтақаҳо муассисаҳои таълимӣ ба талабот ҷавобгӯй набуданд, мактабҳо куҳнаву фарсуда гардида, дар ҳолати садамавӣ қарор доштанд. Дар баъзе деҳаҳои дурдасти куҳистон муассисаҳои таълимӣ умуман вуҷуд надоштанд. Хонандагон бо душворӣ дар сардии зимистону гармои тобистон масофаи зиёдро тай карда, аз як деҳа ба деҳаи дигар ё ин ки ба марказ барои таҳсил мерафтанд.
Барои ҷумҳурии тозаистиқлол ба якборагӣ баратараф кардани камбудиҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла соҳаи маориф хело душвор буд. Зеро сар бардоштани гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ ва таҳти сарпарасти шахсиятҳои сиёсию таъсиргузор амал кардани онҳо, содир кардани амалҳои террористӣ ва ҷиноятҳои вазнин нисбати хизматчиёни давлатӣ монеаи асосӣ барои ба амал баровардани ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлат мегардиданд.
Барои ин пеш аз ҳама мебоист дар Тоҷикистон сулҳи комил ҳукмфармо мегардид, то ин ки барои рушду тараққиёт роҳ кушода гардад. Зеро сулҳу субот тинҷиву оромӣ ягона кафолати пешрафти ҳаёти ҷомеа ба шумор мерафт. Дар ҳошияи ин гуфтаҳо суханҳои дилсӯзона ва халқпарваронаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро овардан бомаврид аст: “Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар як хона ва ҳар як оила барқарор шудани сулҳ равона карда, ҷиҳати гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки манн ба ояндаи неки ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…”.
Ин суханони муқаддасу таърихии Ҷаноби Олӣ дар партави савганди ёдкарда, мисли дурахши Офтоб ва нури Моҳтоб буд, ки зулмоти шабро шикаста, роҳи халқро барои фардои дурахшон равшанӣ бахшид.
Новобаста аз мушкилиҳои ҷойдошта, ноустувории вазъи сиёсию ҷамъиятӣ ва буҳрони молиявию иқтисодӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ривоҷу равнақи соҳаи ҳаёти ҷомеа кӯшиши зиёде ба харҷ доданд.
Талошҳои шабонарӯзӣ, суҳбату мулоқот бо сарварони кишварҳои хориҷӣ, вохӯрӣ бо тарафҳои даргир, дастгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ имкон дод, ки сулҳу субот пойдор ва корҳои созандагиву ободонӣ оғоз гардад.
Дар баробари соҳаҳои дигари хоҷагии халқ таваҷҷуҳи Сарвари давлат бештар ба соҳаи маориф равон гардид. Бояд таъкид намуд, ки соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҳаёти ҷомеа ба ҳисоб рафта, рушду тараққиёти ҳар як мамлакат аз неруи зеҳнию ақлонӣ вобаста мебошад.
Дар таҷрибаи рӯзгор бештар шоҳиди пешрафту тараққиёти давлатҳое мегардем, ки онҳо дар заминаи рушду инкишофи илм дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд. Коркарди барномаҳои нави таълимӣ шароит фароҳам овард, ки бо ҷорӣ намудани технологияи навин дар ҳаёт сифат, миқдор ва самаранокии истеҳслот таъмин гардад.
Дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ масъалаи омӯзиши илму фан ва боло бурдани сатҳи донишу маърифати аҳолӣ ҳамеша дар мадди назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, барои такмили қонунгузорӣ ва ислоҳот дар ин соҳа, таъсису ташкили муассисаҳои нави таълимӣ, омода кардани мутахассисони баландихтисос, ҷорӣ намудани раванди муосири таълим ва имтиёз барои омӯзгорон, истифодаи техникаи замонавӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои муҳим дар соҳаи таълиму тарбия корҳои зиёду назаррас анҷом дода шуданд.
Ҳаёт худ собит менамояд, ки бе боло бурдани сатҳи донишу тахассус ва ҷаҳонбинӣ, наомӯхтани илмҳои дақиқ ва аз худ накардани технологияи муосир наметавон соҳаҳои хоҷагии халқро ривоҷу равнақ бахшид. Дар шароите, ки дар идораву ташкилот, муассиса ва корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолият ва кору амал тавассути технологияи рақамӣ, дастгоҳҳои электронӣ, роботҳо сурат мегирад, бояд шахси мутахассис рӯйи кор бошад.
Бо ташаббуси Сарвари давлат соли 2010 Соли маориф ва фарҳанги таърихӣ эълон гардид. Ин ташаббусу иқдоми саривақтӣ ба хотири таҳким ва таккони ҷиддӣ бахшидан ба раванди рушди соҳаи маориф, шароити мусоид барои омӯзиш ва ҷалби технологияи нав, ҳамзамон суръат бахшидан ба пешрафту тараққиёти иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат буд.
Эълон гардидани соли 2010, ҳамчун соли маориф ва фарҳанги таърихӣ, ки зимни баргузории вохӯрӣ бо аҳли илму маориф 23 декабри соли 2009 сурат гирифта буд, аз тарафи зиёиён, олимону адибон, кормандони соҳаи маориф, бахусус устодону омӯзгорони донишкадаву донишгоҳҳо, коллеҷу омӯзишгоҳҳо, гимназияҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва намоягдагони табақаҳои гуногуни ҷомеа гарму ҷушон истиқбол гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо аҳли илму маориф доир ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ ба зиёиёни мамлакат чунин изҳор намуданд: “Дар давраи муосир яке аз роҳҳои расидан ба тараққиёти навгонӣ ва дар ин замина мустаҳкам гардонидани рақобатпазирии кишвар тақвияти омӯзишу инкишофи илму технологияи замонавӣ, алалхусус чунин равияҳои ояндадори онҳо, ба монанди нанотехнология, технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ва биотехнология мебошад”.
Дар назди кормандони соҳаи маориф, бахусус омӯзгорони донишкадаву донишгоҳҳо, коллеҷу омӯзишгоҳҳо, ки дар риштаҳои гуногуни илму фан ба шогирдон касбу ҳунар меомӯзанд, вазифа гузошта шуд, ки бо тамоми ҳастӣ, барои ҷорӣ намудани барномаҳои нави таълим ва татбиқи технологияи нав дар тарбияи насли нав саҳмгузор бошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол ҳаҷми маблағгузориро ба соҳаи маориф зиёд намуда, бо ин роҳ ба сохтмони биноҳои нави таълимӣ, таъмини онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ асос мегузоштанд.
Агар соли 2000-ум аз буҷети давлат ба ин соҳа 42 миллион сомонӣ ҷудо гардида бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2009 беш аз 1 миллиарду 110 миллион сомониро ташкил дод, яъне нисбат ба 9 соли пешин 27 баробар зиёд маблағгузорӣ шудааст.
То соли 2009 дар кишвар дар соҳаи маориф қариб 1000 иншоот бунёд ва тармиму таҷдид гардид ва танҳо дар соли 2009 — 210 бинои мактаб ба маблағи 123 миллион сомонӣ барои 35 ҳазор хонанда бунёд гардид.
Бо беҳтар гардидани вазъи иқтисодии кишвар ва таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат ба соҳаи маориф сол аз сол маблағгузорӣ рӯ ба афзоиш оварда, шароити моддию маишии омӯзгорону хонандагон, раванди таълиму тарбия ва омода кардани мутахассисони ботаҷриба рӯ ба беҳбудӣ меорад.
Дар соли таҳсили 2022-2023 аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи маориф беш аз 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки он 18,6 фоизи буҷети давлатро ташкил медиҳад. Ин ҷо метавон хулоса кард, ки саҳми маориф, бахусус омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёна дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла иқтисодиёт, илму техника саноату кишоварзӣ, фарҳангу маданият ва ғайра бузург ва таъсиргузор мебошад.
Чунин ғамхорӣ ва дастгирӣ дар соҳаи маориф аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳбарияти давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ рушду инкишофи илму маорифро, ҳамчун омили афзалиятноки дигагуниҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ахлоқию маънавии ҷомеа меҳисобад ва сол аз сол барои боз ҳам беҳтар намудаи шароити таълим, боло бурдани сатҳи маърифатнокии ҷомеа, бахусус дар шароите, ки тараққиёти илму техника соат ба соат пеш меравад, ҷиҳати омода кардани мутахассисони ҳамадон, болаёқат ва касбияташон баланд талош менамояд.
Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 5 литсею гимназия фаъолият мекард. Дар ин давра, яъне дар 18 соли даврони соҳибистиқлолӣ шумораи литсею гимназияҳо ба 135 адад расонида шуд, аз ҷумла 25 мактаби хусусӣ фаъолият менамояд.
Ҳукумати мамлакат дар соли 2003 Барномаи компютеркунонии мактабҳои таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумиро қабул кард, ки он як қадами қатъӣ дар раванди татбиқи технологияи нав гардид. Танҳо дар соли таҳсили 2009-2010 дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 441 адад компютер, аз ин 315 адад дар синфхонаҳои компютерӣ ва дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 843 адад компютер, аз ин 642 адад дар синфхонаҳои компютерӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар доираи татбиқи барномаи мазкур то соли 2009 муассисаҳои таҳсилоти умумиӣ бо 27 ҳазор дастгоҳҳои компютерӣ таъмин карда шуданд.
Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 3002 адад, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 5651 адад, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 3940 адад ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 21399 адад таҷҳизоти компютерӣ дар истифодаи хонандагону донишҷӯён қарор дорад.
Татбиқи пурраи барномаи мазкур шароит фароҳам меорад, ки бо ташкили шабакаи ягонаи коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таълимии мамлакат низоми технологияи иттилоотӣ ҷорӣ карда шавад ва то андозае раванди таҳсил ва омӯзиши илмҳои муосирро осону самаранок мегардонад.
Сарвари давлат бо ин мақсад вазоратҳои маориф, молия, рушди иқтисод ва савдо, ҳамзамон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карданд, ки ҳарчи тезтар ва пурра амалӣ намудани барномаи мазкурро таъмин намоянд.
Дар вохӯрӣ бо аҳли илму маориф Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба роҳҳои истифодаи самараноки дастовардҳои илм ва технологияи инноватсионӣ, ташаккули неруи зеҳнӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эътимод ба неруи ақлонӣ, омӯзиши фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва илму техникаи муосир, навовариву ихтироъкорӣ, тафаккури шахсият аз овони кӯдакӣ ва наврасӣ дар боғчаи кӯдакон ва мактаби миёна, васеъ гардонидани шабакаи мактабҳои нави равиявиро, ки ба омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ нигаронида шудаанд, таъсис додани литсейи Президентии ҷумҳуриявии хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе барои таълими на камтар аз 1000 хонанда, таъмини пурраи мактабҳои миёна бо омӯзгорон, такмили нақшаву барномаҳои таълимӣ, ҳамчунин таҳкими заминаи моддиву техникии онҳоро аз вазифаҳои муҳиму таъхирнопазир арзёбӣ карда, ҳаллу фасли онҳоро саривақтӣ ва ногузир ҳисобиданд.
Сарвари давлат масъулини соҳаи маорифро вазифадор карданд, ки ба тарбияи мутахассисони самти таълиму тарбия, ки ҷавобгӯи талаботи давру замон бошанд, инчунин насли донишманду соҳибмаърифат ва ҷаҳонбинии васеъдошта таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд, консепсия ва барномаҳои таълимиро дар сатҳи зарурӣ аз худ намоянд. Зеро рӯз аз рӯз тараққӣ ва инкишоф ёфтани илму техника, ҷорӣ гардидани технологияи нав дар ҳаёт ва истифодаи воситаву дастгоҳҳои рақамӣ дар кору фаъолият аз ҳар як нафар маҳорату малакаи баланди касбиро талаб менамояд.
Дар баромаду суханрониҳои Сарвари давлат мудом аз ҳамкориҳои самараноки мактаб ва оила, таъсиру нуфузи падару модар дар таълиму тарбия ва ба камол расонидани фарзанд таъкид мегардад. Воқеан, агар аз як тараф бемасъулиятӣ ё беназоратӣ зоҳир гардад, раванди таълиму тарбия халалдор гардида, он мақсаду мароме, ки дар назди кормандони муассисаҳои таълимӣ гузошта мешавад, дар гумон аст, ки пурра амалӣ гардад.
Таълиму тарбияи кудакону наврасон ва ҷавонон аз уҳдадориҳои асосии падару модарон ба ҳисоб рафта, дар мулоқоту суҳбат ва вохӯриҳои Ҷаноби Олӣ ҳангоми сафар ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ин хусус афкору андешаҳои ҷолиб баён карда мешаванд ва ҳамеша ба омӯзгорон дастур дода мешавад, ки дар баробари таълиму тарбия андӯхтани илму дониш ва азхуд кардани касбу ҳунар роҳнамои ҷавонон дар зиндагӣ бошанд.
Бо мақсади ҷалби бештари падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандон ва дар ин замина афзудани масъулияти онҳо нисбат ба рафтору гуфтор ва муносибат дар ҷомеа бо ибтикори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 августи соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул гардид.
То қабули қонуни мазкур бархе аз падару модарон масъулияти худро дар таълиму тарбияи фарзанд ба зиммаи омӯзгорон вогузор карда, ба ҳар як амалу рафтори ношоиста мактабро айбдор мекарданд. Кор то ҷое расида буд, ки шумораи ҳуқуқвайронкунӣ, муноқишаҳои гуруҳӣ ва даст ба ҷиноятҳои вазнин задании ноболиғону ҷавонон афзуда, боиси ташвиши ҷомеа гардида буд.
Қабули қонуни мазкур саривақтӣ, бомаврид ва ба манфиати ҷомеа мебошад. Ҳамагон хуб медонанд, ки асоси тарбия, ахлоқу одоб, муносибату рафтор бо атрофиён дар оила сурат мегирад ва мактабу маориф онро идома медиҳанд. Агар заминаи асосӣ дар тарбияи фарзанд дар оила дуруст, боақлона, боадабона ва аз рӯи меъёрҳои ахлоқӣ гузошта шавад, пас бо боварӣ метавон гуфт, ки барои мактабу муаллим душворӣ пеш намеояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мавқеъ ва нақши падару модар чунин баён карда буданд: “Мо бояд як чизро амиқ дарк намоем, ки дар тарбияи инсон пеш аз ҳама ва беш аз ҳама оила нақш мегузорад ва ҷараёни ташшаккули ҳамаи хислатҳои неку бади инсон асосан дар оила ибтидо мегирад. Ба дарки ин масъала падару модарон бояд масъулияти бузургро, ки дар тарбияи фарзандони худ ба дӯш доранд, пурра эҳсос кунанд”.
Бояд таъкид намуд, ки тарбияи фарзанд барои ҳар як падару модар вазифаи муқаддас, масъулияти баланд ва муҳимтар аз ҳама асоси пойдорию устувории муносибат ва оромию осудагии муҳити хонаводагӣ ба шумор рафта, онро ниҳоят ҷиддӣ бояд гирифт.
Сарвари давлат нақши волидонро дар соҳибмаълумоту соҳибкасб намудани фарзандон хеле муҳим ва ҷиддӣ арзёбӣ намуда, дар ифтитоҳи бинои муассисаҳои таълимии миёнаю олӣ, дар ин хусус мудом таъкид менамоянд.
Аз ҷумла, 1 сентябри соли 2022 дар таҷлили Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар бинои наву замонавии Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба аҳли маориф, падару модарон, зиёиёну фаъолон ва умуман аҳли ҷомеа муроҷиат карда, таъкид намуданд, ки онҳо масъалаи таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ва соҳиби касбу ҳунар гардонидани онҳоро дар мадди аввал гузоранд.
Дар ин радиф бояд падару модарон, зиёиён, шахсони соҳибилму бомаърифат ва рӯшанфикру соҳибмаълумот бо дарки масъулият, ғамхорӣ ба миллат ва садоқат ба Ватан дар ҳамкорӣ бо устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ бо мақсади омӯзиши донишу маърифат, соҳиби касбу ҳунар гардидани фарзандон ҳамкории самаранокро ба роҳ монанд.
Барои боло бурдани нақши маориф ва баланд бардоштани мавқеи омӯзгор дар пешрафти ҳаёти ҷамъиятию сиёсии ҷомеа, бахусус дар руҳияи миллатдӯстиву ватанпарастӣ ва ҳамчун ояндасози ҷомеаи навини Тоҷикистон тарбия намудани наврасону ҷавонон дар даврони истиқлолият як қатор қонун, консепсия ва барномаҳои таълимӣ таҳия ва қабул гардиданд, ки имрӯз самаранок амал намуда, дар раванди омода намудани мутахассисони гуногунсонақши босазо мегузоранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати маориф ва дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш дода буданд, ки бо дарназардошти арзишҳои умумибашарӣ, муқаррароти Конвенсияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва дигар санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон лоиҳаи қонуни дахлдорро таҳия карда, ба баррасии ҳукумат пешниҳод намоянд.
Дар як даҳсолаи охир бо мақсади рушди соҳаи маориф якчанд қонунҳои соҳавӣ ва консепсияҳо, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ” соли 2003, “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ” соли 2009, “Дар бораи таҳсилоти иловагӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” соли 2013, “Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ” соли 2013, “Дар бораи адабиёти таълимӣ” соли 2014, “Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ”, “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника” соли 2015, “Дар бораи таҳсилоти калонсолон”, Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006, Консепсияи роҳнамоии касбии хонандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 ва ғайра қабул гардиданд, ки онҳо сиёсати давлатро дар соҳаи маориф амалӣ менамоянд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” се маротиба, солҳои 1993, 2004 ва 2013 қабул гардида, бо мақсади мукаммал гардидани он 7 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки барои ҳар як фанни таълимӣ дар 3 зинаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ барномаҳои таълимӣ таҳия гардида, бо дарназардошти навгониҳои соҳаи маориф тағйиру иловаҳо дар Стандарти таҳсилот ҳар панҷсола барномаҳои таълимӣ таҷдиди назар мешаванд.
Даврони соҳибистиқлолӣ барои тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, алалхусус соҳаи маориф шароит фароҳам овард, ки тамоми рукнҳои омӯзиши илму фан, аз ҷумла фарҳангу маданияти ҳазорсола, осору ашъори адибони гузашта, шахсиятҳои таърихӣ дар шакли нав бо дарназардошти манфиатҳои давлату миллат, ки қаблан ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд, аз нав эҳё ва дар барномаҳои таълимӣ ҷой карда шаванд.
Дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамасола дар ҷумҳурӣ даҳҳо муассисаҳои таълимӣ ва илмию фарҳангӣ ба таври замонавӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Лозим ба ёдоварист, ки то давраи истиқлолият дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 80 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 43 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият дошт.
Баъди ба даст овардани истиқлолият бо мақсади пурра фаро гирифтани хонандагон ба таҳсил ва беҳдошти шароити таълиму тарбия ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, аз буҷети давлат маблағҳои зиёд ҷудо гардиданд.
Таъсиси даҳҳо муассисаҳои таълимии олию миёна, институту пажуҳишгоҳи тадқиқотӣ, ҳамзамон вобаста ба онҳо сохтмони биноҳои маъмурии замонавӣ, дастрасӣ ба таҷҳизоти замонавӣ ислоҳоти ҷиддӣ дар соҳаи маориф гардид.
Чунин таваҷҷуҳу ғамхории роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ имкон дод, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи мактабҳои олии мамлакат аз 13 ба 43-то расонида шавад. Ҳамзамон, дар ин давра 40 муассисаи миёнаи касбӣ (аз ҷумла 25 муассисаи ғайридавлатӣ) сохта ба истифода дода шуданд. Айни замон 696 муассисаи томактабӣ (аз ин шумора 275-тояш дар даврони истиқлол) ва 1810 маркази инкишофи кудак фаъолият менамояд, ки беш аз 7700 нафар мураббиён ба тарбияю таълими 152 ҳазору 435 нафар машғул мебошанд.
Дар давоми солҳои 1991-2021 дар ҷумҳурӣ 3240 бинои муассисаи таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи нишаст дар ду баст бо тарзи замонавӣ ва бо тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда сохта ба истифода шуд.
Китоб, ҳамчун манбаи дониш дар таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, нақши асосиро дорад. Аз ин хотир бо ибтикори Сарвари давлат барои таъмини муассисаҳои таълимӣ бо адабиёти лозимӣ китобхонаҳои замонавӣ ташкил карда шудаанд, ки хонандагону донишҷӯён аз онҳо пайваста истифода мебаранд.
Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 61 китобхона ва 871 китобхонаи электронӣ бо 363 ҳазору 962 китоб, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 81 китобхона ва 1887 китобхонаи электронӣ бо шумораи 831 ҳазору 805 адабиёт, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ бошад 104 китобхона ва 1423 китобхонаи электронӣ бо теъдоди беш аз 3 миллиону 985 ҳазор китоб мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.
Лозим ба ёдоварист, ки бо ташаббусу рисолати маорифпарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи сентябри соли 2007 ба сохтмони калонтарин китобхона дар Осиёи Миёна дар шаҳри Душанбе асос гузошта шуда, соли 2012 дар арафаи ҷашни Наврӯз он мавриди истифода қарор гирифт. Китобхонаи мазкур 52 метри баландӣ ва 167 метр дарозӣ дошта, дар он беш аз 10 миллион китоб маҳфуз аст.
Дар ҳамагуна вазъият новобаста аз шароиту имкониятҳои мавҷуда Сарвари давлат ба масъалаи мактабу маориф диққати аввалиндараҷа дода, барои саводнокӣ, омӯхтани илму маърифат ва бо таҳсил фаро гирифтани наврасону ҷавонон талош менамоянд.
Моҳи июни соли 2010 зимни сафари корӣ ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Ҷаноби Олӣ аз ноҳияҳои Ш.Шоҳин, Муъминобод ва шаҳри Кӯлоб, ки аз офати табиӣ зарар дида буданд, дидан карданд.
Бо кумаку дастгирии Сарвари давлат дар баробари ба тариқи ройгон сохта ба истифода додани хонаҳои истиқоматӣ, таъмини хонаҳо бо ашёи рӯзгор, расонидани кумакпулӣ ва додани якчанд квотаи президентӣ ба фарзандони аз офати табиӣ зарардида, ҳамзамон дастур дода шуд, ки дар маҳаллаи навбунёдгардида дар ноҳияи Муъминобод мактаб барои 320 нафар хонанда сохта ба истифода дода шавад.
Дар маҳаллаи нав дар шаҳри Кӯлоб, ки барои аз офати табиӣ зарардидагони сохтмони хонаҳои нав оғоз гардида буд, ба бунёди мактаб барои 1200 нафар хонанда аз тарафи Сарвари давлат санги асос гузошта шуд.
Рӯзи 23 июни соли 2010 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои идона ба муносибати 13 солагии Ваҳдати миллӣ ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сафар намуданд. Сарвари давлат дар ноҳияи Ванҷ бо сокинони аз заминларза зарардида вохӯрда барои рафъи харобаҳо ва бо манзили зист таъмин намудани онҳо, ҳамзамон ҳарчи зудтар ба истифода додани мактаби нав барои 240 хонанда ба мақомоти дахлдор супориш дода, дар ифтитоҳи мактаби нав дар деҳаи Ҷовид барои 320 хонанда иштирок намуданд. Дар доираи амалӣ намудани барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ дастур дода шуд, ки барои мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳия 60 адад компютер дастрас карда шавад.
Зимни боздид ва вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Рӯшон дар деҳаи Деҳрӯшон мактаби нави замонавӣ бо арзиши беш аз 2 миллион сомонӣ барои 240 хонанда мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳамчунин, Президенти кишвар таъкид карданд, ки дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ боз се мактаби нав ба истифода дода мешавад.
Дар ин сафар Сарвари давлат аз мактаб-интернати ноҳия дидан карда, изҳор намуданд, ки дар шафати таълимгоҳи мазкур мактаб-интернати нави ҷумҳуриявӣ бо харҷи беш аз 6 миллион сомонӣ барои 650 нафар ятимону бепарасторон бунёд ва мавриди истифода дода мешавад.
Шароити рӯзгор ва зисту зиндагонии ятимону бепарасторон ва нафарони камбизоат ҳамеша дар мадди назари Ҷаноби Олӣ қарор дошта, пайваста барои онҳо дастгирӣ ва ғамхорӣ зоҳир карда мешавад.
Дар ноҳияи Шуғнон низ барои беҳдошти шароити таълим дар шафати мактаби № 20 як бинои дуошёнаи замонавӣ сохта ба истифода дода шуда, ду бинои дигар таъмиру азнавсозӣ карда шуданд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи мазкур боз 5 бинои наву замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Зимни ташриф ба ноҳияи Ишкошим дар деҳаи Вранг як мактаб барои 240 хонанда ва ноҳияи Роштқалъа 2 мактаби замонавӣ ба истифода дода шуд.
Бо дастгирӣ ва ғамхории Сарвари давлат ҷиҳати беҳдошти шароити моддӣ-маишии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хорӯғ бинои замонавии хобгоҳ ба маблағи зиёда аз 7 миллион сомонӣ бо тамоми шароит сохта ба истифода дода шуд.
Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд зимни боздид аз як катор муассисаҳои таълимии ноҳияи куҳистони Мастчоҳ маълум гардид, ки тибқи квотаи президентӣ 12 нафар ҷавонон аз ин ноҳия дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон таҳсил намуда, 3 нафар хатмкунандаи ин даргоҳ аллакай аз рӯйи касбу дониши андӯхтаашон дар дармонгоҳ ба аҳолӣ хизмат мекунанд.
Дар ноҳияи куҳистони Мастчоҳ вобаста ба лоиҳаҳои пешбинишуда 12 мактаб дар ноҳия таҷдиду таъмир гардида, 40 ҳазор китобҳои дарсӣ харидорӣ карда шуданд. Сарвари давлат изҳор намуданд, ки аз фонди захиравии Президенти мамлакат тамоми мактабҳои ноҳия бо мизу курсӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин карда мешаванд. Ҳамзамон, масъулини идораҳои давлатӣ вазифадор карда шуданд, то ҷашни 20 солагии истиқлолияти давлатӣ кулли мактабҳои ноҳия навсозӣ ва ба талаботи замон мутобиқ карда шаванд.
Ҷаноби Олӣ дар шаҳри Истаравшан, дар деҳаи Найман мактаби бо саҳмгузории соҳибкорон ва бо тариқи ҳашар аз тарафи сокинон бунёдгардидаро ифтитоҳ намуда, бо нишони эҳтиром ва зоҳир намудани ғамхорӣ 10 компютер ва асбобу ашёи таълимӣ туҳфа карданд.
Ҳамчунин, дар идомаи сафар ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сарвари давлат дар деҳаи Қистакуз мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро, ки аз тарафи соҳибкорон барои 280 хонанда бунёд гардида буд, ба истифода дода, 10 адад компютер туҳфа карданд.
Зимни ташрифи Сарвари давлат ба ноҳияҳои Ҳисор ва Рӯдакӣ дар “Соли маориф ва фарҳанги техникӣ” санаи 30 августи соли 2010 ду мактаби ҳаҷман калони замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Бахусус, мактаби дар деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Руӯакӣ ба истифода додашуда барои 928 хонанда ба маблағи беш аз 6 миллион сомонӣ бунёд гардид. Дар баробари бо таҷҳизоти замонавӣ ва асбобу ашёи фаннӣ муҷҷаҳаз гардонидани синфхонаҳои физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, инчунин толори замонавии маҷлисгузаронӣ, ошхона бо 100 ҷойи нишаст ва толору майдони калони варзишӣ ба истифодаи мактаббачагон дода шуд.
Ҳамчунин, рӯзи 31 август дар маҳаллаи Бофандаи шаҳри Душанбе як бинои муҳташами сеошёна, яъне мактаби замонавӣ иборат аз 40 синфхона бо тамоми шароити таълим дар ду баст барои 2600 нафар хонанда мавриди истифода қарор гирифт.
Ҳар сафари Ҷаноби Олӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ боиси хушнудии сокинон, бахусус наврасону ҷавонон мегардад. Зеро ба ҳар бори ташриф ба минтақаҳои гуногуни кишвар, алалхусус ноҳияҳои дурдаст ҳатман бо ибтикору ташаббус ва дастгирии ҳамаҷонибаи Президенти мамлакат ҷиҳати беҳдошти шароити зиндагӣ, кору рӯзгор, вазъи моддию маишӣ, соҳаҳои гуногуни ҳаёт бунгоҳи тиббӣ, биноҳои маишӣ, ҳаммом, қасри фарҳанг, толори варзиш, алалхусус муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ сохта ба истифода дода мешаванд.
Сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боис гардид, ки дар шароити буҳрони молиявию иқтисодӣ бо маблағгузории ин соҳаи барои ҷомеа муҳим ва ояндадор дар соли 2010, яъне “Соли маориф ва фарҳанги таърихӣ” зиёда аз 200 мактаб бо 40 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи беш аз 250 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шавад.
Дар рӯзи дониш, дар оғози соли таҳсили 2010-2011, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ифтитоҳи 4 бинои нави таълимӣ, ки бо арзиши 36 миллион сомонӣ сохта шуданд, иштирок намуданд. Баъди шиносоӣ аз факултетҳои физика, химия, биология, геология ва механикаю математика, ки донишҷӯён соли хонишро дар биноҳои нав шурӯъ карданд, бо олимон, устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии олӣ вохӯрӣ намуданд.
Воқеан, дар як муддати кутоҳ сохтмони ин қадар биноҳои маъмурӣ ҷиҳати бо таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакону наврасон ва ҷавонон ғайриимкон аст. Вале, устуворию матонат, рисолати созандагиву бунёдкорӣ ва эҳсоси боло бурдани сатҳи донишу маърифат дар замири Пешвои миллат барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ, ки асоси пешрафти ҳаёти ҷомеа, некуаҳволии мардум ва рушди технологияи муосир ба ҳисоб меравад, ба фарзанди фарзонаи миллат муяссар гардид.
Қайд намудан бомаврид аст, ки аз рӯзи таъсиси квотаи президентӣ барои духтарону писарони деҳоти дурдасти ҷумҳурӣ аз 61 шаҳру ноҳия ба 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар асоси нақша 26067 ( аз ин барои духтарон 15914, барои писарон 10153) ҷой ҷудо карда шудааст. Аз ин шумора 24774 нафар (14707 духтар ва 10067 нафар писарон) хатмкардагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ тибқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ фаро гирифта шуданд.
Яке аз роҳҳои ҳарчи беҳтару бештар ҷалб намудан, майлу рағбат пайдо кардан ва таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намудани барои андухтани илму дониш ва аз худ намудани касбу ҳунар ин дар ҳавасмандкунии хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олию миёна зоҳир мегардад. Бо ин мақсад Сарвари давлат стипендияи президентиро таъсис доданд, ки ба он хонандагону донишҷӯёни болаёқат ва савияи донишу маърифаташон баланд сазовор мегарданд.
Дар даҳсолаи охир ҳаҷми стипендияҳои президентӣ чанд маротиба зиёд карда шуд, ки ин идом ҳарчӣ бештар шумораи довталабонро ба ин унвон зиёд мегардонад.
Ҳамкориҳои судманд дар соҳаи маориф бо кишварҳои хориҷӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Яке аз рукнҳои ҷаҳонишавӣ дар сиёсати давлату давлатдорӣ ин ба амал баровардани ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, варзишӣ ва ғайра бо кишварҳои ҷаҳон мебошад.
Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф 1 июли соли 2010 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ректори Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Михаил Ломоносов шахсияти шинохта Виктор Садовничий филиали донишгоҳи мазкур дар шаҳри Душанбе ба фаъолият шурӯъ кард. Ифтитоҳи филиали ин донишгоҳи бонуфуз дар баробари тақвият додани муносибатҳои дӯстона миёни Душанбе ва Маскав, инчунин барои омода намудани мутахассисони сатҳи баланд, забондон ва ҷаҳонибинии васеъдошта мусоидат менамояд.
Зимни суҳбат Сарвари давлат иброз доштанд, ки бо ҷорӣ кардани технологияи муосир, фароҳам овардани тамоми шароиту имконоти таҳсил раванди таълиму тарбия дар филиали мазкур бояд ба сатҳи Донишгоҳи давлатии Москва баробар шавад. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки метавон филиали Донишгоҳи давлатии Москваро ба филиали минтақавии донишгоҳи мазкур табдил дод, то ин ки дар баробари шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин аз дигар кишварҳои минтақа довталабон ба Душанбе омада, дар он таҳсил намоянд.
Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои пасошӯравӣ, бахусус бо Федератсияи Россия дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла маориф сол аз сол тақвият ёфта, пешравиҳои зиёд ба назар мерасанд.
Лозим ба ёдоварист, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе, инчунин Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, филиалҳои Донишкадаи энергетикии Москва ва Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии “МИСиС” самаранок фаъолият доранд.
Имрӯз зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷавонони тоҷик дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва филиалҳои дар боло зикршудаи донишгоҳҳои Русия бо таҳсил бо забони русӣ фаро гирифта шудаанд.
Дар маросими ба истифода додани 5 мактаби миёнаи раванди таҳсилашон ба забони русӣ, ки рӯзи 1 сентябри соли 2022 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин тариқи онлайн сурат гирифт, Ҷаноби Олӣ иброз намуданд, ки: “Соли 2019 мо бо ҳамроҳии Владимир Владимирович Путин ба татбиқи лоиҳаи сохтмони 5 мактаби таълимоташон ба забони русӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Турсунзода, Кӯлоб, Бохтар ва шаҳри Душанбе оғоз бахшидем”. Мактабҳои мазкур дар муддати кутоҳ бо сатҳу сифати баланд бунёд, бо дастгоҳу ашёи таълимӣ ва технологияи муосир мавриди истифода қарор гирифтанд.
Бояд қайд намуд, ки дар моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад”. Моҳияти забони русӣ дар Тоҷикистон сол аз сол бештар шуда, ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ ва рафтуомади шаҳрвандони мо ба ин давлат зиёд мегардад. Яке аз мушкилоти асосие, ки муҳоҷирони мо берун аз кишвар бо он дучор мешаванд, ин надонистани забонҳои хориҷӣ, алалхусус забони русӣ мебошад. Чунин вазъият дар бисёр ҳолатҳо сабаби надонистани қонунҳои амалкунандаи кишварҳои хориҷӣ, нокомӣ дар ҳалли масъалаҳои ҳаётӣ ва тамасхуру сарзаниши дигарон мегардад. Дараҷаи забондонии мо имкон медиҳад, ки ҳангоми на танҳо дар Федератсияи Россия, балки дар дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор доштан, дар сурати донистани забони русӣ мушкилоту масъалаҳои идоравӣ ва рӯзгорро метавон бо осонӣ ҳаллу фасл намуд.
Сарвари давлат ҳамеша ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқоту вохӯриҳо бо зиёиён, намояндагони маориф ва илму фарҳанг дар бораи муҳимияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ ёдовар мешаванд. Аз ҷумла, таъкид менамоянд, ки бинобар васеъ гардидани имкониятҳои истифодаи таҷҳизоти муосир, бахусус технологияи компютерӣ дар коргузорӣ, истеҳсолот ва тамоми соҳаҳои ҳаёт имрӯз зарурати омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба миён омадааст.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки: “Ҳанӯз соли 2003 Фармони Президенти кишвар дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ба тавсиб расида буд ва дар асоси ин фармон Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши ин забонҳо барои солҳои 2004-2014 аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул гардид. Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки натиҷаҳо дар ин масъала чандон қонеъкунанда нестанд. Агар мо хоҳем, ки бо ҷомеаи пешрафтаи башар баробар қадам гузорем, бояд ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳем”.
Сарвари давлат ба Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо ва Академияи илмҳо супориш доданд, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намоянд.
Зарурияти донистани забонҳои хориҷӣ дар он зоҳир мегардад, ки Тоҷикистон як кишвари аз лиҳози сайёҳӣ дар ҷаҳон эътирофгардида сол аз сол рафту омади сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ ба он зиёд шуда, дар баробарии муаррифии кишвари мо ба дигарон, инчунин метавонад ин соҳаи сердаромад буҷети давлатро ғанӣ гардонад. Дар раванди бунёди инфрасохторҳо ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои мусоид барои сайёҳон, пеш аз ҳама муоширату муносибат бо онҳо бояд дар мадди аввал гузошта шавад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 таъкид гардида буд: “Бо мақсади рақобатпазир гардонидани соҳа дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ моро зарур аст, ки мутахассисони забондон, донандаи фарҳангу таърих ва технологияи муосирро омода кунем, кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладҳо, тарҷумонҳо ва дигар мутахассисони соҳаро мутобиқ ба талаботи бозори сайёҳӣ ба воя расонем”.
Воқеан, солҳои пеш ба ин масъала он қадар эътибори ҷиддӣ дода намешуд. Зеро вазъи сиёсию ҷамъиятӣ ва криминогенӣ дар кишвар ба ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ монеа эҷод мекард. Табиати нотакрори диёрамон, мавзеҳои таърихию фарҳангӣ, осору ашъори адибони гузашта, чашмаҳои мусаффою дарёҳои хурӯшон, кулҳои назаррабою қуллаҳои куҳҳои сарбафалаккашида ва манзараҳои дилфиреб ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳони хориҷӣ қарор гирифта буд. Барои ҳамаи ин дороиҳоро ба дигарон нишон додан, моҳияти онро фаҳмонидан донистани забонҳои хориҷӣ моро ба ҳадафҳои созандаву бунёдкорона мерасонад.
Дар ин хусус Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон возеҳу равашан изҳор намуданд: “Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем”.
Таъкидҳои пайвастаи Сарвари давлат низ ба он равона гардидааст, ки бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои хориҷӣ роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бояд ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” 21 декабри соли 2021 қайд гардида буд, ки бо вуҷуди ба низоми муайян даромадани раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Пешвои миллат омӯзиши илмҳои замонавиро асоси пешрафт ва рушду тараққиёти ҷомеа ҳисобида, ба кормандони соҳаи маориф дастур доданд, ки дар байни наврасону ҷавонон мутолиаи китобҳои бадеӣ ва илмиро ташвиқ ва назорати азхудкунии донишҳои муосирро пурзӯр намоянд.
Бо мақсади андӯхтани илму фанҳои дақиқ, ки дар замони муосир ба рушду инкишофи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи боэътимод мегузоранд, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040-ро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карданд.
Имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёт корҳо тавассути технологияи пешрафта анҷом дода мешаванд. Акнун ба ҷойи одамон неруи зеҳнӣ, ки бо он дастгоҳҳои пурқудрат – роботҳо, таҷҳизоти электронӣ офарида мешаванд, корро иҷро менамоянд. Инкишофи неруи ақлонӣ, тафаккур ва андешаронӣ дар зеҳни наврасону ҷавонон шароит фароҳам меорад, ки дастрасӣ ба истифодаи технологияи замонавӣ дар кору фаъолият осон гардад.
Дар шароити пешрафти технологияи муосир, ки дар бозори ҷаҳонӣ рақобати иқтисодӣ беш аз пеш сурат мегирад, қобилияти ташаббускорӣ, дақиқназарӣ ва андешаронӣ, ихтирои навгониҳо дар истеҳсолот, ки аз нерӯи зеҳнию ақлонӣ сарчашма мегирад, ҷалбу таваҷҷуҳи хонандагону донишҷӯён бештар бояд ба маҳфилҳои илмиву озмунҳои фаннӣ равон карда шавад. Ин таъкидҳо мудом дар суханрониҳои Сарвари давлат садо дода, баёнгари боло рафтани қобилияти хонандагону донишҷӯён дар солҳои охир гардидааст.
Иштироки фаъолонаи хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи олӣ дар озмунҳои байналхалқӣ дар кишварҳои хориҷ, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидану ба дастовардҳои назаррас ноил шудан, аз як тараф аз қобилияту истеъдоди фавқулода доштани онҳо дарак диҳад, аз ҷониби дигар шаҳодати дастгирию ғамхории Пешвои миллат дар рушду инкишофи соҳаи маориф ва бахусус таълиму тарбияи насли маърифатпарвар ва ояндасози ҷомеа мебошад.
Бо ин мақсад Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявиро оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор намоянд.
Дар 12 соли охир қариб 10 ҳазор хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ аз фанҳои математика, физика, химия, биология, забони англисӣ ва технологияи иттилоотӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори 3720 ҷойи ифтихорӣ (638 медали тилло, 1236 медали нуқра ва 1842 медали биринҷӣ) гардиданд. Агар дар соли 2011 шумораи иштирокчиён ҳамагӣ 154 нафарро ташкил медод, ин шумора дар давоми соли 2022 ба 5745 нафар расид. Ин нишондиҳандаҳо шаҳодати дастгирию ғамхории роҳбарият давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, ҳамзамон лаёқату истеъдоди баланд доштани мактаббачагони ҷумҳурӣ мебошад.
Дар партави иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 11 феврали соли 2021 № АП-43 барои баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастур дода шуд, ки барои ҷалби бештар ва иштироки фаъолонаи мактаббачагон, муайян кардани нафарони болаёқату соҳибистеъдод ва ҳавасмандкунии онҳо ҳамаҷониба мусоидат намоянд.
Дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 962 нафар хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 105 нафар омӯзгор аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, 3552 нафар донишҷӯй ва 193 нафар омӯзгорон аз вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Баъди баргузории ду даври озмун ба даври сеюм дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ 31 нафар хонанда ва 16 нафар омӯзгор, дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ 14 нафар омӯзгор ва 69 нафар донишҷӯён роҳхат гирифтанд.
Бо мақсади огоҳӣ пайдо кардан аз адабиёти бою таърихи куҳан, донистани ғановати забони ноби тоҷикӣ, сайқал додани маҳорати сухандонию суханварӣ, тарғиби одобу ахлоқи ҳамида, дӯст доштани Ватан ва муайян кардани истеъдодҳои ҷавон аз тарафи Пешвои миллат дар радифи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» озмунҳои “Тоҷикистон — Ватани азизи ман”, “Илм — фуруғи маърифат” ва “Хониши шоҳасари Бобоҷон Ғафуров — китоби “Тоҷикон” эълон карда шуданд.
Барои дар сатҳи баланд баргузор кардани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар солҳои 2019 — 2021 аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ беш аз 4 миллиону 790 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Дар даври аввали озмун 700 ҳазор нафар довталабан аз муассисаҳои таълимии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд. Баъди баргузории даври ниҳоӣ, ки бо ширкати олимон, адибон, таърихшиносон, намояндагони илму фарҳанг ва омӯзгорони фанҳои гуногун ҷамъбаст гардид, дар соли 2019 — 13 нафар, соли 2020 — 56 нафар ва дар соли 2021 77 нафар ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ шуда, бо маблағҳои пулӣ, диплому ифтихорномаҳо қадршиносӣ гардиданд. Инчунин, 21 нафар омӯзгорон бо маблағҳои пулӣ ва падару модарон бо ифтихорномаю нишон “Маърифатпарвар” ҳавасманд гардонида шуданд.
Дар озмуни “Илм — фуруғи маърифат”, ки бори аввал соли 2021 гузаронида шуд, барои доир намудани чорабиниҳо 2 миллиону 345 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид ва наздик ба 159 ҳазор нафар дар он иштирок намуданд. Дар даври чорум, ки даври ниҳоӣ ба ҳисоб меравад, 75 нафар ғолиби ҷойҳои 1,2 ва 3-юм гардида, бо ҷоизаҳои ифтихорӣ сарфароз гардонида шуданд.
Рафти баргузории озмун, маҳорату малака ва лаёқату истеъдоди иштирокчиён, ки хеле ҷолиб ва фавқулода буд, тариқи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ба таври васеъ намоиш дода шуд.
Баргузории озмунҳо аз тарафи ҷомеаи Тоҷикистон, алалхусус аҳли зиё, маорифчиён ва омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ хеле хуб истиқбол ва сазовори таҳсину офарин гардид, ки ворисони Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдию Ҳофиз ва Айниву Бобоҷон Ғафуров имрӯз дар гӯшаву канори кишварамон шамъи донишу маърифатро фурӯзон ва осору ашъори оламшумули олимону адибони тоҷикро гиромӣ медоранд. Озмунҳо дар раванди таълиму тарбия, худогоҳиву худшиносӣ ва азхуд кардани донишу маърифат барои наврасону ҷавонон таккони ҷиддӣ гардид ва замири онҳо шавқу завқи донишандӯзӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлату миллат ва садоқат ба Ватанро беш аз ҳарвақта бедор намуд.
Ҳамзамон, бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 7 июли соли 2022 № АП-227 оид ба хониши шоҳасари Б. Ғафуров, китоби “Тоҷикон” озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон” — оинаи таърихи миллат” баргузор ва барои чорабиниҳо 1 миллиону 480 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Тибқи талаботи Низомнома озмун аз чор давр иборат буда, иштирокчиён ба чор гуруҳ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 9-11), донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадҳои илм ва дигарон ҷудо гардидаанд. Озмуни мазкур моҳи феврали соли 2023 оғоз гардида, моҳи декабри ҳамон сол ҷамъбаст карда мешавад.
Қайд намудан бомаврид аст, ки дар боло бурдани сатҳи донишу маърифат, дарки худогоҳию худшиносӣ ва расидан ба дастовардҳои илмӣ саҳми омӯзгорон хеле зиёд аст. Дар баробари фароҳам овардани тамоми шароиту имкониятҳо барои таълиму тарбияи фарзандон аз тарафи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат мунтазам дар нисбати омӯзгорон ғамхорӣ зоҳир карда мешавад.
Тибқи моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии мутахассисони ҷавони соҳаи маориф ва ҷалби онҳо ба фаъолияти омӯзгорӣ қарори Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон №197 аз 3 майи соли 2006 “Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон” ба имзо расидааст.
Барои онҳо имтиёзҳои зерин:
— бенавбат ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ;
— дар ноҳияҳои куҳистон вобаста ба имконияти ноҳияҳо ҷудо кардани қитъаи замин барои боғдорӣ ва полезкорӣ;
— додани қарзҳои имтиёзнок барои харидани чорвои калони шохдори ширдеҳ ё бунёди 20 оилаи занбӯр;
Бо қарори Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон №433 аз 2 июли соли 2015 барои мутахассисони ҷавон 10 фоиз иловапулӣ муқаррар гардидааст.
Ҳамзамон, дар асоси моддаи 53 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” як қатор имтиёзҳо ба омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф муқаррар гардидааст, ки онҳо метавонанд барои беҳдошти шароити моддию маишӣ мусоидат намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба мавқеъ ва нақши омӯзгорон, кормандони соҳаи маориф дар ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Дар даврони истиқлол дар давоми солҳои 1997 – 2022 музди кормандони соҳаи маориф 19 маротиба боло бардошта шуд. Маоши вазифавии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумие, ки роҳбарии синф ва мудири кабинетро ба уҳда доранд, инчунин тафтиши дафтарро мегузаронанд, мутаносибан ба андозаи 10, 15 ва 20 фоиз иловапулӣ пардохт карда мешавад.
Ахиран, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2022 №312 “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷет, андозаи нафақа ва стипендия” ба тасвиб расид. Дар асоси фармони мазкур аз 1 июли соли 2022 музди меҳнати кормандони соҳаи маориф ва андозаи стипендияи амалкунанда 20 фоиз зиёд карда шуд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ солҳои охир ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ эътибори зиёд дода, барои ҷалби ҳарчи бештари шаҳрвандон, бахусус фароҳам овардани шароити мусоид дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кишвар сохторҳои дахлдорро муаззаф менамоянд. Аз ҷумла, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” 26 январи соли 2021 омадааст: “Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин, вазифадор карда мешавад, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот – аз муассисаҳои томактабӣ сар карда, то гимназияву литсейҳо ва зинаҳои дигари таҳсилот ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотиро ташкил карда, назорати қатъии сифати таълимро дар ин самт ба роҳ монад”.
Имрӯз дастури Пешвои миллат на танҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олӣ, ҳамчунин дар идораву корхонаҳои давлатӣ мавриди амал қарор гирифта, барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ курсҳои махсус ташкил карда шуданд.
Бо мақсади боло бурдани дараҷаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ дар якчанд соли охир корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд. Айни замон дар ҷумҳурӣ 39 мактаби раванди таълим ба забони русӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо тақрибан 27 ҳазор нафар хонандагон бо таҳсил фаро гирифта шуданд. Ҳамчунин зиёда аз 160 мактаби омехта бо забонҳои тоҷикӣ-русӣ фаъолият доранд, ки фарогири ҳудуди 70 ҳазор хонанда мебошанд.
Ҳамасола теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ дохил гардида, соҳиби ихтисос ва касбу кори гуногун мешаванд. Аксарият дар муассисаҳои олии Федератсияи Россия таҳсил менамоянд. Тибқи омор имрӯз дар беш аз ҳафтсад донишгоҳи Россия ҳудуди 25 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамояд.
Ҳамзамон, аз дигар кишварҳо, аз ҷумла Ҳиндустону Эрон, Покистон, Афғонистон, Арабистон, давлатҳои Африко, ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва ғайра дар муассисаҳои олии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, ки ин шаҳодати ҳамкориҳои судманди Ҳукумати мамлакат бо давлатҳои хориҷӣ дар рушди соҳаи маориф мебошад.
Айни замон беш аз 15 ҳазору 300 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз 30 давлати ҷаҳон дар 34 муассисаи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки онҳо бо тамоми шароитҳои лозимӣ таъмин гардидаанд.
Бояд қайд намуд, ки донишҷӯёни Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии 31 давлати хориҷӣ таҳсил менамоянд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз рӯи ихтисосҳои гуногун беш аз 41 ҳазор нафар донишҷӯёни Тоҷикистон муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷиро хатм кардаанд.
Имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки таҳти сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат соҳаи маориф дар Тоҷикистон рушду инкишоф ёфта, дар даврони истиқлолият мардуми сарбаланду тамаддунофари тоҷик ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Ин ҷо якчанд нуктаҳои пурарзишу пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат, ки рӯзи 18 марти соли 2020 “Кохи Борбад” баён гардид, овардан бомаврид аст:
— Халқи тоҷик аз қадим ба илм ва таълиму тарбия эҳтироми хос дошт ва дар тӯли таърих нобиғаҳое ба дунё овард, ки дар рушди илми ҷаҳонӣ ҳиссаи бузург гузоштаанд. Махсусан, дар замони давлатдории Сомониён баробари адабиёту ҳунар илмҳои табиатшиносӣ низ инкишоф ёфтанд ва осори олимони барҷастаи тоҷик дар асрҳои баъдӣ низ шуҳрати ҷаҳонӣ доштанд.
— Кашфиёту дастовардҳои илмии Муҳаммади Хоразмӣ, Аҳмади Фарғонӣ, Закариёи Розӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрави Қубодиёнӣ ва дигарон дар фосилаи чандин аср аз тарафи олимони Аврупо ва дигар кишварҳои олам васеъ истифода шудаанд.
— Дар даврони соҳибистиқлолӣ маорифпарварӣ яке аз самтҳои меҳварии давлатдорӣ буда, рушди илму маориф, омӯзиши техника ва технологияҳои нав, тақвияти неруҳои зеҳнӣ ва ташаккули забони илм дар мақоми аввалият қарор дорад.
— Асри ХХ1 замони пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технологияҳои навин мебошад. Дар чунин шароит рушди минбаъдаи кишвар аз дастгирӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани дастовардҳои илмӣ вобастагии амиқ дорад.
— Бояд ҳеҷ нафар ба тақдири халқу давлат, гузаштаву имрӯза ва ояндаи пурифтихори Тоҷикистони маҳбуб бетараф набошад. Бетарафӣ худ нишонаи марг аст. Бояд ҳамеша зираку ҳушёр буда, асолати давлатдории миллиро ҳифз намуда, амнияти давлат ва ҷомеа, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро ҳамчун пояи устувории давлати озоду соҳибихтиёр эҳтиёт ва ҳифз кардан лозим аст.
— Ватану давлат ва халқи азизро сидқан дӯст дошта, нисбат ба тақдири Тоҷикистони маҳбуб бетарафу бетафовут набуда, ба қадри бузургонаш расида, наврасону ҷавононро тарбия намуда ва робитаи наслҳову замонҳоро устувор карда, ба сӯйи рушди кишвар қадамҳои ҷиддӣ гузошта, ин замину диёри биҳиштосоро ободу пешрафта гардонидан лозим аст
“Ман дар сиёсати давлат маорифро дар ҷойи аввал мегузорам”, — ин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодати мавқеи аввалиндараҷа доштани таълиму тарбия, омӯзиши илму дониш, азхуд намудани касбу ҳунар, доштани ақлу идрок ва хираду заковати олӣ дар ҳаёти одамон ба шумор меравад.
Аламшозода А.А.
муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
генерал-лейтенанти милитсия