Андар шинохти Ҷамолиддин Нуралиев

Shared to Facebook

“Боигарии асосии бонк — мутахасиси кордон кулфу дари оҳанин надорад”.

(Дэвид Теппер, cармоягузори амрикоӣ)

 

Ӯро коршиноси соҳаи бонкдории ҷаҳонӣ, ислоҳотгарои маъруфи низоми бонкӣ-молиявӣ, яке аз поягузорони шабакаҳои муомилоти молиявии бонкӣ, имиҷсози соҳаи бонкдорӣ, дар умум, яке аз беҳтарин менеҷерҳои бонкӣ-молиявии Тоҷикистон меноманд. Аммо натанҳо чунин аст. Ӯ варзишгари моҳир ҳам ҳаст. Шояд кам-касон аз маҳорати варзишии ӯ огоҳанд, аммо инро афроде, ки ҳамроҳаш дар толори варзишӣ тамрин мекунанд, хуб медонанд.

Дар бораи Ҷамолиддин Нуралиев мегӯям. Дӯстиву ҳамкории чандинсола имкон дод, ки ӯро натанҳо ҳамчун як шахси огоҳ ва донишманди соҳаи худ, балки як дӯсти воқеӣ шиносам. Чанд рӯ қабл ба дидораш рафтам. Машғули тамрин дарёфтамаш. Давраш дӯстону шогирдон ҷамъ омадаву кадом як шеваи тамринро нишон медоданд…

Ҷамолиддин Нуралиев суҳбат ва ё баррасии мавзӯъҳои марбут ба иқтисодро бо камоли майл мепазирад. Бахусус, таҳлили вазъи имрӯзи иқтисоди ҷаҳон, ки дар пасманзари ҳаводиси маълум дар бунбаст қарор гирифтааст, барояш хеле ҷолибанд. Ҳар маротибае, ки дар ин мавзӯъҳо мегӯяд, ҳатман нав мегӯяд, таҳлилҳояш шуниданиянд.

Ҳамон тавре ки аз зиндагиномааш бармеояд, он чӣ ки ба иқтисод, молия, бонкдорӣ ё идоракунии бонкӣ, муносибатҳои байналмилалӣ марбут аст, решаҳои амиқе дар донишномааш доранд. Соли 2005 Коллеҷи Донишгоҳии Университети Мэриленд (иёлати Мэриленд, ИМА) Магистри робитаҳои маъмуригардонӣ (МДА), соли 2006 Коллеҷи Донишгоҳии Университети Мэриленд (иёлати Мэриленд, ИМА) Магистри илмӣ дар соҳаи идоракунии молия ва соли 2007 Коллеҷи Донишгоҳии Университети Мэриленд (иёлати Мэриленд, ИМА) Сертификат/Дипломи соҳаи менеҷменти молия дар ташкилотро хатм кардааст. Бино ба маълумоти дастрас, номи Ҷамолиддин Нуралиев дар қатори беҳтарин хатмкунандагони хориҷии донишгоҳи мазкур сабт шудааст.

Аз ин қабл, соли 1999, Донишкадаи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси муносибатҳои байналхалқии иқтисодӣ бо дипломи аъло хатм намудааст.

Мактаби идоракунӣ ва роҳбариро дар вазифаҳои масъуле, чун Мушовири директори гуруҳи иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ (2001 – 2004), Мушовири директори гуруҳи иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор (МВФ) (2004 – 2007), Мушовири директори гуруҳи иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ (2007), Муовини вазири молияи Тоҷикистон (2007 – 2010), Муовини якуми вазири молияи Тоҷикистон (2010 – 2015) ва Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (2015 – 2022) омӯхтааст. Ба ин маънӣ, солиёни зиёд ба ҳайси намояндаи Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ, ки аз Бонки байналмилалии азнавсозӣ ва рушд (МБРР), Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (МАР), Агентии бисёрҷабҳаи кафолати сармоягузорӣ (МАИГ) ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (МФК) иборат мебошад, фаъолият дошт.

Агар шарҳи ҳолашро дар даврони фаъолият дар вазифаҳои зикршуда варақ занем, дармеёбем, ки хеле аз ислоҳот ва дигаргуниҳо дар низоми молиявӣ ва бонкдории ҷумҳурӣ маҳз ба ӯ иртибот мегиранд. Барои мисол, агар дар замони Мушовири директори гуруҳи иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ буданаш Тоҷикистонро дар Дафтари иҷроияи Шӯрои директорон дар Шветсария муаррифӣ мекард, дар замони Мушовири директори гуруҳи иҷроияи Хазинаи байналмиллалии асъор (МВФ) буданаш муаррифӣ намудани мақомоти ваколатдори Тоҷикистон ва додани маслиҳат ба директории иҷроияи Швейтсария оид ба як қатор саволҳои Фонд барои қабули қарор масъулияти асосияш буд. Ҳамин тавр, вақте Мушовири директори гуруҳи иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ буд, Тоҷикистонро дар Дафтари иҷроияи директорони Шветсария муаррифӣ намуд.

Дар дохили ҷумҳурӣ бошад, замоне ки дар Вазирати молияи Тоҷикистон фаъолият дошт, як қатор ташаббусҳои сохторӣ ва институтсионалии ислоҳотро дар асоси таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар сатҳи вазорат ва ҳукумат беҳтар гардонид. Кумитаи методиро, ки аввалин маротиба дар таърих ҳамаи стандартҳои байналхалқии ҳисоботи молиявиро (МСФО) тасдиқ кардааст, роҳбарӣ намуд. 36 Стандарти ҳисоботдиҳии молиявӣ (МСФО) тасдиқ карда шуд, ки бо саъю кӯшиши худи кишварамон ва бе ёрии ташкилотҳои байналмилалӣ (МФУ) амалӣ гардида истодаанд. Муаллифи асосии Стратегияи аввалини мувофиқашудаи идоракунии қарзҳои давлатӣ (СУГД)-и Вазорати молия мебошад, ки аз ҷониби Ҳукумат тасдиқ гардида, аз ҷониби Маҷлиси Олӣ маъқул дониста шуд:

“Бо дониши касбӣ ва таҷрибаи худ оид ба беҳтар гардонидани сохтор ва мазмуни Стратегияи рушди коғазҳои қиматнок мусоидат намудааст. Бо ташаббус ва ислоҳоти гузаронидаи ӯ коллеҷи молиявӣ мукаммал гардонида шуда, то ба сатҳи баланди Институти касбӣ-институти якуми молиявии Вазорат дар кишвар табдил дода шудааст”, — зикр гардидааст дар тавсифномааш.

Дар замони фаъолияташ дар Бонки миллӣ низ дастовардҳое дошт, ки Тоҷикистон бори аввал ба онҳо муваффақ шуд. Барои мисол, ба фурӯш баровардани евробондҳо ва ё таъсиси Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо (NPCR), ки саҳми Ҷамолиддин Нуралиев дар онҳо хеле зиёд будааст.

…Ба баҳси пуливу молӣ одатан ҳатто ронандаву сарояндаву наққош низ ҳамроҳ мешаванд. Ин хусусияти миллӣ ва равонии мост. Ҳатто дар сурати тамоман тасаввур надоштани ҳолат мо аз насиҳат ва машварат даст намекашем. Як замон ба фурӯш баровардани вомбаргҳои Тоҷикистон рашки рақибон ва адовати душманонро ба вуҷуд оварда буд. Аммо Ҷамолиддин Нуралиев, ки тавре зикр шуд, дар муддати кутоҳ ба фурӯш рафтани евробондҳои Тоҷикистонро маҳз ба ӯ марбут медонанд, дар як посухи дақиқ ва асоснок собит кард, ки манфиати Тоҷикистон аз куҷо то куҷост. Ҳоло маълум мешавад, ки эътибор ва эътимод ба Тоҷикистон — кишваре, ки на нафт дораду на газ, то чӣ андоза қавӣ гардидааст. Ҳоло маълум мешавад, ки НБО “Роғун” то чӣ андоза аҳамияти ҷаҳонӣ дорад (дар пасманзари тағйирёбии босуръати иқлим ва буҳрони энергетикие, ки ин шабу рӯз авҷ гирифтааст). Ҳамзамон бехатарии сохтмони НБО “Роғун” бори дигар дар сатҳи байналмилалӣ комилан собит шуда, “портфели қарзи давлатӣ” такягоҳи стратегӣ ёфт. Ба ин васила Тоҷикистон собит кард, ки дар ҳама ҳолат маҳз энергияи “сабз” бартарӣ дорад. Ва ғайра.

Ҷойи пинҳон нест, ки олигархҳои Аврупову Амрико, қабл аз қарордод бо Тоҷикистон оид ба евробондҳо чанд моҳ пеш обу хок ва ҳатто хусусиятҳои миллии кишвари моро омӯхтанд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, худашон аз НБО “Роғун” боздид намуданд. Дар шарҳи ин қарордод як қатор институтҳои Аврупо паҳлуҳои мусбат ва манфии евробондҳои Тоҷикистонро ба палаи тарозу монданд. Ба қавли Наҷмиддин Шоҳинбод, бонкдори Аврупо мисли тоҷири бозори “Саховат”-у “Корвон” нархро аз ҳаво намегирад. Агар як бор аз фоидаи худ фикр кунад, даҳ бор оқибати зарарро месанҷад. Фарқияти даҳбаробарии санҷидани фоида ва зарар ба он маъност, ки ҳамкориҳои иқтисодиву молиявӣ бо Тоҷикистон ва сармоягузорӣ дар кишвари мо суди даҳбаробарӣ дорад. Ҷамолиддин Нуралиев бо он таҷрибаи мушовараву музокироте, ки аз замони фаъолият дар институтҳои молиявии байналмилалӣ (Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор) дорад, рӯ ба рӯ бо ҳамон бонкдорону олигархҳои аврупоиву амрикоӣ ҳамин бартарияти кишвари моро собит намуд.

Таъсиси Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо (NPCR), ки низ дар он ба саҳми Ҷамолиддин Нуралиев таъкид мешуд, як замон баҳсҳоеро ба вуҷуд оварда буд. Гузашти вақт бемаврид будани ин баҳсҳоро собит намуд. Нуралиев замоне ба вазифаи масъули Бонки миллӣ таъин шуд, ки буҳрони азими соҳаи металлургияи ҷаҳон ва ибтидои таҳримҳои зидди шарики стратегии Тоҷикистон — Русия низоми молиявии дунёро такон дод. Табиист, ки низоми пардохтии Тоҷикистон бо Русия иртиботи қавӣ дорад. Зарур буд, ки дар ин бахш ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида шавад. Зеро агар аз як сӯ “раги хунгузар”-и иқтисоди кишвар интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатӣ бошад, аз сӯйи дигар, аз ин “мурӣ” ҳатто гуруҳҳои ифротӣ ва экстремистӣ васеъ истифода мебурданд. Ин шарёни асосиро чанд ширкати ҳатто сабти ном нашудаи хориҷӣ идора мекарданд.

Ҳамин шуду Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо (NPCR) таъсис ёфта, дар шабакаи бонкии кишвар, бахусус дар низоми интиқоли маблағ тағйироти куллӣ ба амал овард. Бо талошҳои Ҷамолиддин Нуралиев бозори интиқол, аз ҷумла, фаъолияти ширкатҳои идоранашаванда дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ аз нав ба танзим даромад. Дар ибтидо ин иқдом дар бозори асъор шуру ғавғо ба вуҷуд овард, аммо ҳамагӣ пас аз 3 моҳ ҳамагӣ манфиати онро дарк кардем. Ҳоло низоми интиқоли маблағ ва гардиши асъор таҳти дурбини идораҳои расмӣ буда, сӯрохиҳои “пулшӯӣ” ва ё сарпарастии терроризму экстремизм бастаанд.

Эътироф мешавад, ки Нуралиев ба ҳайси донишманди низоми байналмилалии молиявӣ дар баланд бардоштани мақоми бонкҳои Тоҷикистон, танзими фаъолияти бонкҳои ҷумҳурӣ, бозгашти эътимод бо бонкҳо талошҳои зиёд кардааст. Ёдамон бошад, дар ду соли охири фаъолият қариб ҳар ҳафта хабарҳо нашр мешуданд, ки “Ҷамолиддин Нуралиев ба донишҷӯёни ин ё он донишгоҳ маърӯза (лексия) хондааст”. Намедонам, то он вақт чунин таҷриба дар мо буд ё не, аммо дар аксари ин маърӯзахониҳои Нуралиев шахсан иштирок кардаву мушоҳида намудам, ки то чӣ андоза донишҷӯёни мо ба шунидани маърӯзаҳо шавқу рағбат доранд ва дар таҷрибаву амалияи худ истифода мебаранд.

Дар умум, Ҷамолиддин Нуралиев як кадри ба шароити муосир мутобиқшуда ва коршиноси муваффақ дар низоми молиявию бонкии Тоҷикистон шиносоӣ мешавад. Аз ҳамин ҷост, ки дар маълумотномаҳои институтҳои байналмилалии молиявӣ ва бонкдорӣ ҳам аз ӯ тавсиф шуда ва аз ҷумлаи беҳтарин менеҷери молиявии Тоҷикистон муаррифӣ гардидааст.

Ҷамолиддин Нуралиев 10 октябри соли 1977 таваллуд шудааст. Рӯзи душанбеи ин ҳафта 45-сола шуд. Шодбош мегӯям.


 

Муним Оламов

ИмрӯзNews