• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Сомон Маҳмадбеков барандаи Ҷоми Аврупо

Паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни ҷавонони то 21-сола, ки 19 август дар шаҳри Аради Руминия шуруъ шуд, медали тило ба даст овард.

Ӯ дар даври аввал дар вазни зери 66 кило Константин Ноткин (Украина) ва Александр Габлер (Олмон) ва дар даври ниманиҳоӣ Каро Марандиянро аз Украина шикаст дод. Сомон дар даври ниҳоӣ бар Олег Овчаренко (Украина) пирӯз шуда, мақоми аввалро касб кард.

Дар ин мусобиқа 248 варзишгар (156 ҷавон ва 92 духтар) аз 33 кишвар иштирок доранд. Тоҷикистонро танҳо як нафар – Сомон Маҳмадбеков – намояндагӣ кард. Ӯ дар ин мусобиқа ягона варзишгар аз қораи Осиё аст.

Сомон Маҳмадбеков варзишгари тоҷик ва шаҳрванди Русия буда, дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Иркутск таҳти раҳбарии мураббиёнаш Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо тамрин мекунад. Ӯ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ дорад.
 шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter