• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд

Мутахассиси фаронсавӣ Зинедин Зидан вазифаи сармураббии “Реал Мадрид”-ро бо сабаби муноқиша бо президенти клуб Флорентино Перес тарк кардааст.
Бино ба гузориши матбуоти испанӣ, мавқеъи сармураббӣ ва президент дар масъалаи трансфери чанд бозигари муҳим мувофиқ наомада, ба баҳс печид. Аз ҷумла, Зидан ба гузариши ҳуҷумкунандаи “Челси” Эден Азар ба “Реал” пофишорӣ мекард, аммо Перес бо маблағи ӯ дарвозабони “Манчестер Юнайтед” Давид де Хеаро харидорӣ кардан мехост, ҳол он ки сармураббӣ аз ҳунарнамоии Кейлор Навас қаноатманд буд.
Аз қабл гуфта мешуд, ки фаронсавӣ бо далели номаълумӣ дар ояндаи ду бозигари асосии “Реал” – Криштиану Роналду ва Гарет Бейл бо роҳбарияти даста баҳс кардаву ба чунин қарор омадааст.
Худи Зидан сабаби тарки “Реал” карданашро ингуна маънидод карда буд, ки “Ба “Реал” сармураббии нав зарур аст, тим ниёз ба ислоҳот дорад. Ман бовар надорам, ки тавонам минбаъд ҳам ба даста ғалаба оварам”.

Бо гузашти як рӯз аз истеъфои Зидан тоҷири мисрӣ Наҷиб Савирис хабар паҳн кард, ки мутахассиси фаронсавӣ бо маоши 50 миллион евро дар сол ба мунтахаби Қатар меравад. Гӯё ӯ ин дастаро барои Ҷоми ҷаҳон-2022, ки дар Қатар мегузарад, омода месозад. Ба гуфтаи Савирис, созишнома бо Зидан ба муҳлати чор сол пешбинӣ шудааст.
Ҳамакнун дарёфти сармураббӣ барои “Реал” ба як мушкил табдил ёфтааст. То ҳанӯз “Реал” бидуни сармураббист ва ҳатто мутахассисони дастаҳои сатҳи поёнӣ аз мусобиқоти “панҷгонаи Аврупо” дархости Пересро барои гузаштан ба “клуби шоҳона” қабул накардаанд.
Зидан 4 январи соли 2016 сармураббии “Реал Мадрид” таъин шуда, 31 майи соли 2018, ҳамагӣ баъд аз 5 рӯзи ғалаба дар саввумин финали Лигаи чемпионҳои Аврупо, ин дастаро тарк кард.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
rent a car cyprus larnaca ----- Банковская сфера -----
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter