Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Дар Шри-Ланка ҳам пӯшидани фаранҷиро манъ мекунанд


17.03.2021 09:34

: 94

Бино ба гузоришҳо, ҳукуматдорони Шри-Ланка ният доранд, ки пӯшидани фаранҷӣ манъ карда, беш аз ҳазор мактаби исломиро банданд:

Санади дахлдорро, ки рӯзҳои наздик ба баррасии ҳукумат пешниҳод мешавад, вазири амнияти ҷамъиятӣ Сарат Вирасекара имзо кардааст, хабар додааст Euronews.

“Фаранҷӣ мустақиман ба амнияти миллӣ таъсир мерасонад”, - гуфтааст вазир.

“Бисёре аз мо дар кӯдакӣ дӯстони мусалмон доштем, ба шумули духтарони мусулмон, вале онҳо ҳеҷ гоҳ фаранҷӣ намепӯшиданд. Ин зуҳури ифротгароӣ аст ва он дар ҳамин наздикиҳо пайдо шуд. Аз ин рӯ, яқинан мо онро манъ хоҳем кард”, - афзудааст ӯ.

Сарат Вирасекара иқдоми бастани беш аз 1000 мадрасаро бо он вобаста донистааст, ки мактабҳои мусалмонӣ сиёсати миллиро дар соҳаи маориф риоя намекунанд.

Пӯшидани фаранҷӣ дар Шри-Ланка моҳи апрели соли 2019 муваққатан манъ шуда буд. Он замон аз дасти исломгароён дар натиҷаи нӯҳ таркиш дар се калисои католикӣ ва чаҳор меҳмонхона беш аз 250 нафар кушта ва тақрибан 500 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Мусалмонон тақрибан 9%-и аҳолии 22 миллионнафараи кишварро ташкил медиҳанд. Ақаллияти этникии тамилиҳо, ки ҳиндуизмро парастиш мекунанд, 15% -ро ташкил медиҳад. 70% аҳолии Шри-Ланка будоӣ мебошанд.

Қабл аз ин зимни як раъйпурсӣ дар Швейтсария шаҳрвандон аз манъи пӯшидани рӯй дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷонибдорӣ карданд. Тибқи ин раъйпурсӣ, 51,21 дарсад аз он ҷоинбдорӣ карданд, ки пӯшонидани рӯй дар нақлиёти ҷамъиятӣ, биноҳои маъмурӣ, тарабхонаҳо, дӯконҳо, варзишгоҳҳо ва дигар ҷойҳои барои мардум дастрас ҳам нисбат ба шаҳрвандони Швейтсария ва ҳам хориҷиён манъ карда шавад.


Комментарии для сайта Cackle