Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Сафари бемаҳдуд танҳо ба 5 кишвар


09.03.2021 09:49

: 55

Бо сабаби пандемияи коронавирус сайёҳони хориҷӣ метавонанд танҳо ба панҷ кишвар бидуни маҳдудият сафар кунанд: Албания, Ҷумҳурии Доминикан, Танзания, Коста-Рика ва Македонияи Шимолӣ. Дар ин бора рӯзи 8 март Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) гузориш дод.

Қайд карда мешавад, ки то охири феврал 69 кишвар барои хориҷиён баста буданд. 73 кишвари дигар марзҳои худро қисман бастанд. Ҳамзамон, 70 кишвар сайёҳони воридшавандаро талаб мекунанд, ки аз карантин ё ташхиси манфии COVID-19 гузаранд.

Бино ба гузориши UNWTO, паҳншавии навъҳои нави коронавирус кишварҳоро водор кардааст, ки чораҳои сахттар андешанд, аз ҷумла, дар масъалаи бастани марзҳо:

“Мо бояд эътироф кунем, ки маҳдудиятҳо танҳо як қисми ҳалли масъала мебошанд. Ҷорисозии маҳдудиятҳо бояд ба маълумоти охирин ва таҳлилҳо асос ёфта, доимо санҷида шавад, то бехатарӣ ва масъулияти аз нав эҳё намудани соҳа, ки миллионҳо корхонаҳо ва коргарон ба он вобастагӣ доранд, таъмин гардад”, - гуфт роҳбари UNWTO Зураб Пололикашвили.

Ҳамин тариқ, ба гуфтаи ӯ, ҳоло сеяки тамоми минтақаҳои сайёҳии ҷаҳон барои сайёҳони хориҷӣ комилан бастаанд.

Ба гуфтаи муаллифони гузориш, туризм муҳаррики муҳими иқтисоди ҷаҳонӣ буда, 7 фоизи савдои байналмилалиро ташкил медиҳад. Ҳар кори даҳум дар ҷаҳон мустақиман ё ғайримустақим тавассути туризм тавлид мешавад. Бӯҳроне, ки дар натиҷаи пандемияи COVID-19 ба амал омадааст, иқтисоди бахши сайёҳиро хароб карда, барои кормандони ин соҳа ва корхонаҳои марбута оқибатҳои бесобиқаро ба вуҷуд овардааст.


Комментарии для сайта Cackle