Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Таърихи бунёди Душанберо бозгӯ мекунад


04.03.2021 08:24

: 53

Душанбешаҳри ҳамешабаҳор низ чун “Москва яку якбора бунёд нашуд”. Бо мурури замон ин шаҳр аз кулбаҳои похсагини деҳаи Душанбе қомат рост кард.

Дар бунёди ин шаҳр бинокорон ва меъморони кулли Иттиҳоди Шӯравӣ ширкат доштанд. Бахусус, бинокорон ва меъморони шаҳри соҳили Нева - Санкт Петербург (Ленинград) тамоми санъат ва маҳораташонро барои зебогии шаҳр сарф намуданд.

Маҳсули эҷоди 15 нафар меъморони маъруфи дунё дар шаҳри Душанбе нақш бастааст. Аз ҷумла, меъморон Пётр Ваулин, Сергей Кутин, Дмитрий Билибин, Стефан Анисимов, Николай Баранов, Васевволод Веселовский, Владимир Афанасев, Эдуард Ерзовский, Григорий Айзикович, Вила Шелухин, Константин Терлитский, ҳайкалтарош Елена Татарина, ки шуҳрати ҷаҳонӣ доранд, шаҳри бо симои аврупоӣ, аммо шарқиро офариданд.

Ҳанӯз аз солҳои сиюми асри гузашта меъморони шаҳри Ленинград сарпарастии сохтмони шаҳри Душанберо ба зимма гирифтанд. Дар ин ҷо биноҳои Шӯро, комиссарони халқӣ, театри русии ба номи Майяковкий, китобхонаи Фирдавсӣ, чойхонаи “Роҳат”, бинои Академияи илмҳои Тоҷикистон, вокзали “Роҳи оҳан”, 12 кинотеатр, 140 бинои истиқоматӣ бунёд гардиданд.

Аз таърихи санъати меъмории шаҳр ва саҳми меъморони шаҳри Санкт-Петербург китоби нави муаррих ва публисист Ғафур Шерматов бо номи “Эҷодиёти меъморони Ленинград дар Душанбе” нашр гардид.

Ахиран бо иқдоми Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи меъморони Тоҷикистон муаррифии китоб баргузор гардид. Сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Фролов-Лякин, раиси Иттифоқи меъморон Баҳром Юсупов китоби нави муаррих Ғафур Шерматовро беҳтарин туҳфа ба меҳмонон ва сокинони шаҳр зикр карданд.