Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Ҷо Байден расман ғолиби интихобот эълон шуд


15.12.2020 09:25

: 68

Ҷо Байден аз сӯйи Коллеҷи интихоботии ИМА расман пирӯзи интихоботи ин кишвар эълон шуд. Ӯ 306 раъйи ҳайати интихобкунандагонро ба даст овард. Президенти кунунӣ Доналд Трамп бошад 232 овоз дорад.

Барои пирӯзӣ 270 овоз кифоя аст.

Ҷо Байдени 78-сола паси аз эълони расмии пирӯзияш дар як суханронӣ барандаи интихобот шуднашро “пирӯзии демкоратия” унвон кард. 

Ӯ рӯзи душанбеи 14-уми декабр чанд соат пас аз он, ки Коллеҷи интихоботии он кишвар пирӯзии ӯ дар интихоботро ба расмият шинохт, зимни суханронӣ аз мардуми ИМА хост, ки бо ваҳдат ба сӯи оянда бингаранд:

“Он чӣ дар таҳи дили мардуми Амрико метапад, ин аст, демократия, яъне ҳаққи шунидани садоятон, ин ки раъйҳоятон шумурда шавад, ин ки раҳбарони барои ин миллат интихоб кунед ва битавонем худамонро идора кунем”, - гуфт Байден.

Ҷо Байден, ки дар ин давраи интихоботи президентии Амрико бо беш аз 81 миллион раъй рекорди нав бар ҷой гузошт, ҳамчунон талош мекунад нерӯи корзори интихоботии худро ҳифз кунад, зеро Доналд Трамп аз қабули шикаст худдорӣ карда ва ба ҷойи он иддао дорад, ки дар интихобот тақаллуби густурда сурат гирифтааст. Ин иддаоҳоро аммо додрасҳои амрикоӣ бо гароишҳои гуногуни сиёсӣ ва ҳамчунин Вазорати адлия ва Додгоҳи олии ИМА рад кардаанд.

Президенти интихобшудаи Амрико гуфт, “сиёсатмадорон дар Амрико қудратро соҳибӣ намекунанд, балки мардум ба онҳо вогузор мекунанд. Шӯълаи демократия дар ин кишвар дар замонҳои хеле дур рӯшан шуд. Ва мо медонем, ки ҳеҷ чизе, ҳатто як пандемия ё сӯистифода аз қудрат, наметавонад ин шӯъларо хомӯш кунад”.

Вай сипас ваъда дод, ки “президент барои ҳамаи амрикоиҳо бошад” ва барои онҳое, ки ба ӯ раъй надодаанд низ, ба андозае онҳое, ки раъй додаанд, хизмат кунад.

Номзадии президенти нав ва натиҷаҳои интихоботи 6 январ бояд аз ҷониби Конгресс тасдиқ карда шаванд.


Комментарии для сайта Cackle