Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

СММ: Пандемия террористонро фаъол кард


14.12.2020 12:03

: 73

Бо истифода аз мушкилоти марбут ба пандемия, террористон ва экстремистон торафт фаъолтар мешаванд

Пандемияи COVID-19 муборизаро бо терроризм душвор ва дар айни замон заминаи мусоидро барои паҳншавии он фароҳам овардааст. Дар ин бора Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш зимни суханронӣ ба аъзои Гурӯҳи сатҳи баланд оид ба мубориза бо экстремизми хушунатомез ҳушдор дод.

Ба гуфтаи ӯ, бо сабаби COVID-19 одамон аз кор маҳрум мешаванд ва кӯдакон ва наврасон аз имкони таҳсил маҳруманд. Гурӯҳҳои эҳтиёҷмандтарини аҳолӣ бе дастгирии ҳукуматҳо монданд. Мардум эътимодро ба ҳукуматҳо аз даст медиҳанд ва ҷомеа тақсим мешавад. Бо баҳонаи мубориза бо пандемия, мақомот чораҳои фавқулодда ҷорӣ мекунанд, ки ҳуқуқҳои одамонро маҳдуд месозанд ва кори ташкилотҳои ғайриҳукуматиро мушкил мегардонанд:

“Ба илова, дар бисёр кишварҳо мақомот қонунҳои зиддитеррористиро барои саркӯби дигарандешон истифода мекунанд”, - гуфтааст ӯ.

Ба гуфтаи роҳбари СММ, ҳамаи ин мушкилот террористон ва экстремистҳоро таҳрик медиҳад, ки норозигӣ ва тарсу ҳароси одамон, аз ҷумла ҷавононро истифода мебаранд.

“ДИИШ, Ал-Қоида ва “филиалҳо”-и онҳо дар минтақаҳои муноқишаҳо кушиш мекунанд, ҳузури худро барқарор ва ҳудудҳои навро ишғол кунанд. Берун аз минтақаҳои муноқиша террористон ва экстремистҳои хушунатомез дар фазои маҷозӣ барои пайдо кардани тарафдорон ва ба зӯроварӣ равона намудани онҳо торафт фаъолтар мешаванд”, - ҳушдор дод Гутерриш.

Чунин тактика, ба гуфтаи ӯ, метавонад на танҳо боиси афзоиши ҳамлаҳои террористӣ аз ҷониби афрод ё гурӯҳҳо, балки афзоиши таҳдиди шовинистон, гурӯҳҳои ифротгаро ва тундравҳои хушунатомез гардад:

“Мавҷи антисемитизм, таассуб ба мусалмонон афзоиш меёбад ва баъзе кишварҳо онро яке аз таҳдидҳои асосии террористӣ мешуморанд”, - илова кард Антонио Гутерриш.

Вай ба иштирокчиёни ҷаласаи Гурӯҳи сатҳи баланд зарурати дастгирии кишварҳоро дар мубориза бо терроризм, ки бояд волоияти қонун, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва пеш аз ҳама, ҳуқуқи ҷабрдидагон бошад, хотиррасон кард, гузориш дод маркази хабарҳои СММ.


Комментарии для сайта Cackle