Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Қатли 42 журналист дар як сол


14.12.2020 11:50

: 88

Тибқи гузориши нави Федератсияи байналмилалии рӯзноманигорон, дар соли 2020 дар ҷаҳон 42 рӯзноманигор ҳангоми иҷрои вазифаҳои касбии худ кушта шуда, 235 корманди ВАО ҳоло дар зиндонанд.

Аз аввали сол аз ҳама бештар журналистонро дар Мексика қатл кардаанд (13 нафар). Ин кишвар бори чаҳорум дар панҷ соли охир дар мақоми аввал ҷойгир аст:

“Дар Покистон панҷ журналист кушта шуд. Се нафарӣ дар Афғонистон, Ҳиндустон, Ироқ, Нигерия, ду нафарӣ дар Филиппин, Сомалӣ, Сурия, як нафарӣ дар Камерун, Гондурас, Парагвай, Русия, Шветсия ва Яман кушта шуданд”, - хабар дод Федератсия.

Бино ба ин гузориш, ҳоло аз ҳама бештар рӯзноманигорон дар Туркия (67), Миср (21), Чин (23), Эритрея (16), Арабистони Саудӣ (14), Беларус (11), Яман ва Камбоҷа (9), Камерун (6), Марокаш ва Мянма (5) зиндониянд.

Қабл аз ин ЮНЕСКО дар гузорише ба муносибати Рӯзи байналмилалии хотима бахшидани ҷиноятҳо нисбат ба журналистон гуфт, теъдоди куштор ва таъқиби рӯзноманигорон ҳоло на дар он ҷое, ки муноқишаҳо вуҷуд доранд, балки дар кишварҳои амн афзудааст.

Тибқи ин гузориш, дар солҳои 2018-2019 дар саросари ҷаҳон 156 рӯзноманигор кушта шудаанд. Аксари ҳамлаҳо дар Амрикои лотинӣ ва ҳавзаи Кариб рух додаанд: 31 дарсади ҳолатҳои қатли кормандони ВАО. 30 дарсади дигар дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором.

Соли гузашта 57 ҳолати қатли хабарнигорон ба қайд гирифта шудааст, ки дар даҳсолаи охир пасттарин маҳсуб мегардад. Дар маҷмӯъ, дар солҳои 2018-2019 нисбат ба ду соли қабл куштори журналистон 14 фоиз кам шудааст.

Аз тарафи дигар, бино ба ин гузориш, тамоюли дигари ташвишовар сабт шудааст: солиёни охир дар он ҷое, ки муноқиша вуҷуд дорад, шумораи хеле ками рӯзноманигорон кушта шудаанд, шумораи куштори кормандони ВАО дар кишварҳои осоишта афзудааст - ин сатҳи баландтарин дар ҳафт соли охир будааст. Ин маънои онро дорад, ки шумораи бештари рӯзноманигорон барои гузориш додан дар бораи коррупсия, нақзи ҳуқуқи инсон, хариду фурӯши одамон ва бетартибии сиёсӣ ҷони худро аз даст медиҳанд. Зиёда аз 95 дарсади онҳо рӯзноманигорони маҳаллӣ будаанд.

Ҳамзамон, тибқи маълумоти ЮНЕСКО, танҳо каме бештар аз 10 фоизи куштори журналистон таҳқиқ мешавад. Дар тӯли се сол ин рақам аз 11 фоизи соли 2018 ба 12 фоиз дар соли 2019 ва ба 13 фоиз дар соли 2020 афзуд, ки онро ба пешрафт номидан душвор аст. Аз ҷумла, дар Аврупои Шарқӣ дар тӯли 15 сол - аз соли 2006 то 2019 ҳамагӣ 45 рӯзноманигор ҳангоми иҷрои вазифа кушта шудаанд. Зиёда аз нисфи ин ҷиноятҳо - 24 куштор кушода нашудаанд.

Бино ба маълумоти Федератсияи байналмилалии рӯзноманигорон, аз соли 1990 то 2020 дар ҷаҳон 2658 журналист кушта шуда, нисфи онҳо ба кишварҳое рост меояд, ки аз ҷанг, ҷинояткорӣ ва коррупсия зарар дидаанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти созмони ғайридавлатии Швейтсария Press Emblem Campaign (PEC), аз аввали моҳи март ҳадди ақал, 442 корманди ВАО дар 52 кишвар аз сирояти коронавирус (COVID-19) фавтидаанд. Ба ғайр аз ин, аз 1 январ то 31 октябр 63 рӯзноманигор дар ошӯбҳо, хушунатҳо ва ҳангоми боздоштҳо кушта шуданд.


Комментарии для сайта Cackle