Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Дар Эрон рӯзноманигорро ба дор овехтанд


14.12.2020 11:38

: 75

Дар Эрон рӯзноманигореро, ки ба истифодаи замимаи Telegram барои “барангехтани мухолифин” муттаҳам дониста мешуд, ба дор овехтанд. Телевизиони давлатӣ хабар дод, ки Рӯҳуллоҳ Зам рӯзи шанбе пас аз таъйиди ҳукми қатл аз ҷониби Суди Олӣ ба дор овехта шуд.

Рӯшан нест, Зам, ки дар Фаронса зиндагӣ мекард, дақиқан чӣ гуна боздошт шудааст. Тибқи баъзе хабарҳо, вай пас аз расидан ба Ироқ дар соли гузашта дастгир шуд.

Вай сайти оппозисионии Amadnews-ро роҳбарӣ мекард.

Мақомоти Эрон ин порталро ба афзоиши тазоҳурот дар кишвар дар солҳои 2017-2018 айбдор медонанд.

Ин портал, ки дар Telegram беш аз як миллион муштарӣ дорад, наворҳои тазоҳурот ва маълумот дар бораи мансабдорони Эронро паҳн кардааст.

Пас аз баста шуданаш аз ҷониби мақомоти Эрон, портал бо номи нав фаъол шуд.

Аввали ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои хориҷии Фаронса қарори Суди Олиро дар бораи таъини ҳукми қатл “ҳамлаи ҷиддӣ ба озодии баён ва озодии матбуот дар Эрон” номид. Зам, ки пас аз интихоботи президентии соли 2009 дар Эрон зиндонӣ шуда буд, дар Фаронса паноҳгоҳи сиёсӣ гирифта буд.

Ҳафтаи гузашта мақомоти Эрон гуфтанд, Зам “таҳти роҳбарӣ” ва ҳимояи хадамоти ҷосусии Фаронса, Исроил ва ИМА буд.

Ба гузориши Ассошиэйтед Пресс, Замро дар телевизиони Эрон нишон доданд ва ӯ барои ин амалаш узр пурсид.

Созмони ҳуқуқи башари Афви Байналмилал гуфт, журналист қурбонии “мурофиаи ноодилона дар асоси шаҳодати зери фишор додашуда” шудааст.

Иттиҳоди Аврупо ҳам эъдоми хабарнигорро бо лаҳни шадид маҳкум карда, гуфтааст, ҷазои марг як ҷазои ваҳшиёна ва ғайрибашарӣ аст.

Пеш аз ин созмони Хабарнигорони бидуни марз дар мавриди ин эъдом изҳори таассуф карда, Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, роҳбари олии Эронро тарроҳи аслии ин эъдом номид.


Комментарии для сайта Cackle