Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Донорҳо ба Афғонистон 12 млрд доллар медиҳанд


25.11.2020 12:28

: 188

Кишварҳои донор барои рушди Афғонистон дар чаҳор соли оянда 12 миллиард доллар ҷудо мекунанд. Ин нисбат ба маблағе, ки ба Кобул ҳангоми конфронси қаблии байналмилалии Женева дар соли 2016 ваъда шуда буд, се миллиард доллар камтар аст. Ба ивази ин, аз ин кишвар талаб карда мешавад, ки дар бахши демократия ва ҳуқуқи инсон, бахусус баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа пешрафтҳои нав ба даст оварад.

Тасмим дар бораи тахсиси кумаки молӣ дар ҷараёни конфронси Женева оид ба Афғонистон гирифта шуд, ки 24 ноябр баргузор гардида, дар он ҳудуди 70 кишвар ва 30 созмони байналмилалӣ ширкат варзиданд. Ин чорабинӣ зери раёсати Афғонистон, Финляндия ва СММ баргузор гардид.

Аз ҷумла, ИМА ваъда дод, ки ба Афғонистон 600 миллион доллар кумаки башардӯстона мерасонад. Кобул нисфи ин маблағро дар ҳоле мегирад, ки дар музокироти сулҳ бо Толибон пешрафтҳое ҳосил шаванд:

“Нисфи ин маблағҳо аз натиҷаи музокироти сулҳ бо Толибон дар Доҳа вобаста хоҳад буд. Қарорҳое, ки дар ҷараёни музокирот тасвиб мешаванд, ба ҳаҷм ва миқёси кумак ба Афғонистон таъсир мегузоранд. Вашингтон пешрафтро баъди як сол арзёбӣ мекунад”, - шарҳ дод котиби давлатии ИМА Майк Помпео.

Муовини котиби давлатии ИМА Дэвид Ҳейл ҳам гуфт, қарори дар моҳи ноябр эълонкардаи президент Доналд Трамп дар бораи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон “маънои тағйир додани сиёсатро надорад”:

“Мо омодаем Афғонистонро дастгирӣ кунем ва бо ин мақсад 600 миллион доллар барои кӯмак ба аҳолии осоишта дар соли 2021 ҷудо кардем. Имрӯз мо ваъда медиҳем, ки аз ин маблағ 300 миллион долларро ҷудо мекунем ва 300 миллион доллари боқимонда дар сурати арзёбии пешрафт дар ҳалли сулҳ дастрас хоҳад шуд”, гуфт Ҳейл.

Дар навбати худ, Иттиҳоди Аврупо (ИА) ваъда дод, ки барои Афғонистон дар давраи 2021-2025 ба маблағи 1,2 миллиард евро кӯмаки молӣ мерасонад. Узви Комиссияи Аврупоӣ оид ба шарикии байналмилалӣ Ҷутта Урпилайнен пас аз натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Афғонистон дар Женева гуфт, дастгирии молиявии ИА ба демократикунонӣ, рушди устувор ва азнавсозии Афғонистон равона мешавад. ИА ба ин васила дар беҳбуди идоракунӣ ва коҳиши коррупсия саҳм мегузорад, гуфт ӯ.

Ҳамакнун, бино ба ваъдаи вазири рушд ва савдои хориҷии Финляндия Вил Скиннари, дар назар аст, ки танҳо соли оянда донорҳо ба Афғонистон 3 миллиард доллар ҷудо кунанд. Маблағҳои боқимонда солҳои баъдӣ дода мешаванд.

Ҳамзамон ба ин, иштирокчиёни конфронс бори дигар дастгирии худро аз Афғонистон тасдиқ намуда, хостори оташбаси фаврӣ ва истиқрори сулҳу субот дар кишвар шуданд.

Ёдрас мекунем, ки дар ин конфронс Тоҷикистонро муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Хусрав Нозирӣ намояндагӣ кард.


Комментарии для сайта Cackle