Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

“Бӯҳрони COVID-19 вазъро шадидтар мекунад”


25.11.2020 11:25

: 186

Бино ба маълумоти Директори иҷроияи Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Геда Фатҳӣ Валӣ, ҳар сеюмин зан дар ҷаҳон ба зӯроварӣ рӯ ба рӯ мешавад. Аксари ҳолатҳо марбут ба зӯроварии хонаводаӣ будаанд.

Номбурда дар паёме ба муносибати Рӯзи байналмилалии барҳам додани зӯроварӣ нисбат ба занон гуфт, миллионҳо зан дар саросари ҷаҳон аз ҳуқуқи оддии инсон барои бе зӯроварӣ зиндагӣ кардан маҳруманд:

“Аксари кулли занон бо хушунати хешовандон ё ҳамзистон рӯ ба рӯ мешаванд”, - гуфт Геда.

Ба гуфтаи ӯ, аксар занҳое, ки зӯровариро аз сар мегузаронанд, бинобар камбудиҳои қонунгузорӣ, бадгумонии ҷомеа ва муҷозоти нокофии ҷиноятӣ наметавонанд ба адолат даст ёбанд. Аз ин рӯ, дар бораи аксари ҷиноятҳои зӯроварӣ нисбат ба занон гузориш дода намешавад ва ҷинояткорон аз ҷазо халос мешаванд.

Ҳамзамон, вай аз афзоиши ҳолатҳои зӯроварӣ нисбат ба занон дар давраи пандемияи коронавирус нигаронӣ кард:

“Бӯҳрони COVID-19 вазъро шадидтар мекунад. Чораҳои карантинӣ, ки дар бисёр кишварҳо ҷорӣ карда шуданд, таҳдиди зӯровариро тавассути маҳдуд кардани дастрасии занон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суд афзоиш доданд”, - гуфт Геда.

Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш ҳам дар изҳороте рӯзи гузашта ба ҳамин мавзӯъ таъкид намуд ва даъват кард, ки ба хушунати гендерӣ дар пасманзари пандемия хотима дода шавад. Ба гуфтаи ӯ, зӯроварӣ нисбат ба занон як мушкили ҷаҳонист ва COVID-19 ин мушкилотро бештар ба намоиш гузошт:

“Пандемияи COVID-19 боз ҳам исбот кард, ки ин мушкил (хушунат нисбат ба занон) бӯҳрони ҷаҳонист, ки амалҳои фавриро дар ҳама сатҳҳо, дар ҳама қишрҳои ҳаёт ва ҳама одамон талаб мекунад”, - гуфта шудааст дар паёми Дабири кулли СММ ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бо хушунат нисбат ба занон, ки имрӯз, 25 ноябр, қайд карда мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, дар пасманзари чораҳои маҳдудкунанда ва хонанишинӣ бинобар пандемия зӯроварии хонаводагӣ якбора афзудааст.

Роҳбари СММ ҳамзамон ҳушдор додааст, ки занон ва духтарон дар натиҷаи таъсири харобиовари иҷтимоӣ-иқтисодии пандемия ба хатари бештари гирифторӣ ба камбизоатӣ рӯ ба рӯ мешаванд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба гуфтаи Гутерриш, наметавонад ба ин мушкилот чашм пӯшад ва вазифадор аст, ки чораҳои қатъӣ бинад:

“Ин чораҳо бояд на танҳо дахолати пас аз зӯроварӣ нисбати занон, балки бояд пеш аз ҳама, ба пешгирии зӯроварӣ, аз ҷумла тавассути тағйир додани меъёрҳои иҷтимоӣ ва рафъи номутаносибии ҳуқуқу имкониятҳо равона карда шаванд”, - гуфт Котиби генералӣ.

Вай чунин мешуморад, ки системаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва суд бояд масъулиятро барои содир кардани зӯроварӣ сахттар намуда ва ба беҷазоӣ мубориза баранд.

Пештар аз ин ҳам СММ дар бораи афзоиши зӯроварии гендерӣ ва табъизи гендерӣ дар саросари ҷаҳон дар робита бо пандемияи коронавирус ва карантин хабар дода буд.


Комментарии для сайта Cackle