Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

“Ояндаи тамоми насл дар хатар аст”


25.11.2020 10:14

: 185

Хазинаи кӯдакони СММ ЮНИСЕФ аз таъсири пандемияи коронавирус ба кӯдакон ва ҷавонон дар тамоми ҷаҳон нигаронӣ кард:

“Аз оғози пандемия ривоятҳое паҳн мешаванд, ки гӯё он амалан ба кӯдакон дахл надорад. Аммо ин ба воқеият рабте надорад”, - гуфт роҳбари ЮНИСЕФ Ҳенриетта Фор.

Ба гуфтаи ӯ, кӯдакон ҳам бемор мешаванд ва ба дигарон сироят мекунанд.

“Мушкилот дар хизматрасониҳои асосӣ ва болоравии сатҳи камбизоатӣ таҳдиди асосӣ ба кӯдакон мебошанд. Ояндаи тамоми насл дар хатар аст”, - ҳушдор дод Фор.

Тибқи маълумоти охирини Фонд, тақрибан 11 фоизи гирифторони COVID-19 ноболиғонанд.

“Мактабҳо заминаи асосии афзоиши сироят нестанд. Кӯдакон дар ҷойҳои дигар низ сироят меёбанд”, - гуфтанд дар ЮНИСЕФ.

Умуман, то моҳи ноябр, 572 миллион хонандаи мактабҳои 30 кишвар - сеяки ҳамаи толибилмон - аз бастани мактабҳо зарар дидаанд.

Дар сеяки кишварҳо, ҳадди ақал, 10% коҳиши фарогирӣ бо эмкунӣ, хизматрасонии тиббӣ дар ҳолати сироятёбии кӯдакон ва хизматрасонии тибии модару кӯдак мушоҳида шудааст.

Дар 135 кишвар ҳаҷми хидматрасонии хӯроки кӯдакон 40 дарсад коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла, то моҳи октябр 265 миллион кӯдакон хӯроки субҳонаи мактабӣ нагирифтаанд.

Бо сабаби мутаваққиф шудани ин барномаҳо, беш аз 250 миллион кӯдаки то панҷсола аз витамини А, ки барои рушди онҳо муҳим аст, маҳруманд.

Коршиносон ҳушдор додаанд, ки сатҳи солонаи фавти кӯдакон метавонад то 2 миллион ва шумораи таваллудҳои мурда 200 ҳазор афзоиш ёбад.

Интизор меравад, ки имсол аз 6 то 7 миллион кӯдаки то 5-сола аз лоғарии марбут ба камғизоӣ азият мекашанд, ки ин нисбат ба соли гузашта 14 фоиз зиёд аст.

Дар натиҷа, аз ҷануби Сахара то Осиёи Ҷанубӣ ҳар моҳ иловатан 10 000 кӯдакон ба фавт рӯ ба рӯ мешаванд. Шумораи ноболиғоне, ки дар камбизоатӣ зиндагӣ мекунанд, 15 фоиз зиёд мешавад, ки ин нисбат ба як соли пеш 150 миллион нафар зиёдтар аст.

Вобаста ба ин ЮНИСЕФ талаб кардааст, ки ҳамаи кӯдакон имкони таҳсил, дастрасӣ ба ғизои мувофиқ ва ваксина дошта бошанд, аз зӯроварӣ муҳофизат карда шуда ва ба онҳо ғамхориву таваҷҷӯҳ зоҳир карда шавад.


Комментарии для сайта Cackle