Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Шабаҳи “Давлати исломӣ” дар Қаробоғи Кӯҳӣ


02.10.2020 11:20

: 125

Рӯзи чоршанбе, дар рӯзи чоруми ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ, ҷониби Арманистон баҳси мавзӯи суқути ҳавопаймояшро, ки гӯё як тайёраи ҷангии Туркия дар қаламрави Арманистон сарнагун кард, идома дод. Дар ҳамин ҳол, расонаҳои аврупоӣ бо ҷангиёни Сурия, ки ба ҷанги Қарабоғ рафтаанд, сӯҳбат кардаанд.

Вазорати дифоъи Арманистон рӯзи чаҳоршанбе халабонеро шиносоӣ кард, ки ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, ҳангоми зарбаи ҳавопаймои ҳамлаи Су-25-и ӯ аз ҷониби як ҷанганда F-16 Туркия аз ҳарими ҳавоии Озарбойҷон ҷон додааст.

Халабони Су-25, тавре ки Вазорати дифоъи Арманистон хабар дод, майор Валерий Данелин буд.

Ба ғайр аз ин, мақомоти низомии Арманистон аксҳоеро нашр карданд, ки, ба гуфтаи худи онҳо, пораҳои ҳавопаймои сарнагуншудаи Су-25 мебошанд.

Вазорати мудофиаи Арманистон гуфт, Озарбойҷон фармондеҳии амалиёти ҳавоӣ аз болои Қарабоғро ба туркҳо супоридааст ва он эҳтимолан аз як нуқтаи фармондеҳии ҳавоӣ, ки дар болои шарқи Туркия парвоз мекунад, анҷом дода мешавад.

Вазорати дифоъи Туркия рӯзи чаҳоршанбе иттиҳоми иштироки ҳавопаймоҳо ва бесарнишинҳои туркӣ дар ҷангро рад кард. Вазорати корҳои хориҷаи Озарбойҷон достони Су-25 ва F-16-ро кӯшиши Арманистон барои ҷалби кишварҳои сеюм ба низоъ номид.

Мушовири президенти Озарбойҷон Ҳикмет Ҳоҷиев эълом дошт, ки ба маълумоти онҳо, рӯзи сешанбе ду ҳавопаймои Су-25 дар Арманистон суқут карданд, аммо онҳо сарнагун нашудаанд, балки ба кӯҳ бархӯрданд.

Арманистон шомили иттифоқи мудофиавии СПАД аст. Сарвазири Арманистон Никол Пашинян рӯзи чоршанбе гуфт, то ҳол Арманистон ба ин созмон барои кӯмак муроҷиат накардааст, ҳарчанд вай чунин имконро дар назар дорад.

Дар ҳамин ҳол, тарафҳои муноқиша нашри маълумот дар бораи талафоти бузурги ҳамдигар оид ба нерӯ ва техникаҳоро идома медиҳанд, вале ин маълумотҳо носанҷида боқӣ мемонанд. Масалан, Озарбойҷон гуфт, тақрибан 2300 сарбози Арманистон кушта шудаанд. Арманистон аз ҳалокати тақрибан 790 сарбози озарбойҷонӣ маълумот дод.

Ҳамзамон, Озарбойҷон маълумотро дар бораи талафоти низомии худ нашр намекунад. Арманистон бошад, рӯйхати кушташудагонро нашр мекунад: рӯзи чоршанбе ба он 24 ном илова карда шуда, дар маҷмӯъ, ба 104 нафар расид.

Ин дар ҳолест, ки рӯзҳои охир гузоришҳои зиёд дар бораи ҳузури чангиён аз Сурия дар Қаробоғ нашр мешаванд. Аз ҷумла, матбуоти Аврупо дар се рӯзи охир мусоҳибаҳоеро бо ҷангиён аз минтақаҳои таҳти назорати Туркия дар шимоли Сурия нашр карданд, ки онҳо иддао мекунанд, худашон ба ҷангҳо ҷалб шудаву аллакай баъзеҳо ба ҷанги Қарабоғ интиқол дода шудаанд.

Озарбойҷон, Туркия ва гурӯҳҳои мусаллаҳи таҳти назорати он дар Сурия ин иддаоро рад мекунанд. Туркия, баръакс, Арманистонро дар ҷалби зархаридони курд аз Сурия айбдор кард. Телевизиони давлатии Туркия рӯзи чаҳоршанбе гуфт, 300 ҷангҷӯи курд пас аз моҳи июл ба Арманистон ва Қарабоғ рафтаанд.

Дар ҳамин ҳол, кушиши роҳбарони кишварҳои ҷаҳон оид ба қатъи муноқиша бенатиҷа мемонад. Рӯзи чоршанбе вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо ҳамтоёни озарбойҷонӣ ва арманияш сӯҳбати алоҳида анҷом дода ва пешниҳод кардааст, ки дар Маскав музокироти сатҳи олӣ ташкил карда шавад. Аммо сарвазири Арманистон Никол Пашинян ба рӯзноманигорон гуфтааст, ҳоло, дар миёни ҷангҳо, гуфтугӯҳо дар бораи нишасти Арманистону Озарбойҷон ва Русия барои ӯ номуносиб ба назар мерасанд.

Дар навбати худ, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев гуфтааст, амалиёти низомӣ дар Қарабоғ танҳо вақте қатъ карда мешавад, ки нерӯҳои Арманистон аз минтақа комилан хориҷ шаванд.


Комментарии для сайта Cackle