Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Идомаи муноқиша дар Қарабоғи Кӯҳӣ


01.10.2020 10:48

: 101

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео аз Арманистону Озарбойҷон, ки ҳамоно дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ даргир ҳастанд, тақозо кардааст, ки низоъҳоро хотима бидиҳанд.

Помпео, ки бо як сафари корӣ дар ҷазираи Крит қарор дорад, мавзӯи Қаробоғи Кӯҳиро бо вазири корҳои хориҷии Юнон Никос Дендиас ҳам баррасӣ кардааст:

“Вазири корҳои хориҷӣ ва ман ба мавзӯи Қаробоғи Кӯҳӣ муроҷиат кардем. Ҳарду ҷониб бояд хушунатро хотима дода бо Гурӯҳи Минск ҳамкорӣ бикунанд, то ки ҳарчи зудтар сари мизи гуфтугӯ баргарданд”, - гуфт ӯ дар нишасти матбуотӣ.

Маркази матбуоти Созмони Милали Муттаҳид ҳам хабар дод, ки Дабири кулли Созмон Антонио Гутерриш вобаста ба вазъи бамиёномада бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва сарвазири Арманистон Никол Пашинян суҳбат кард. Гутерриш аз онҳо даъват кардааст, ки ба ҷангҳо дар минтақаи низои Қарабоғи Кӯҳӣ хотима бахшанд ва ба музокироти созанда баргарданд, то нооромӣ дар минтақа пешгирӣ шавад.

Дабири кулл нақши муҳими кишварҳои ҳамраиси Гурӯҳи Минскии САҲА-ро такрор карда ва ҳарду ҷонибро ба ҳамкорӣ бо онҳо даъват намудааст.

Гурӯҳи Минскии САҲА, ки фаъолияташ бо номи “Раванди Минск” маъруф аст, ваколатдор аст, ки дар ҷустуҷӯи ҳалли осоиштаи низои Қарабоғи Кӯҳӣ саҳм гузорад. Онро раисони Фаронса, Федератсияи Русия ва ИМА ташкил медиҳанд.

Дабири кулли СММ инчунин фавран фиристодани нозирони САҲА-ро ба минтақа зарур шуморидааст.

Аз ин қабл Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз задухӯрди низомӣ байни Озарбойҷон ва Арманистон амиқан изҳори нигаронӣ кард:

“Аз ҷонибҳо бо исрор даъват мекунем, ки барои қатъи амалиёти ҳарбӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд. Бар онем, ки ҳалли низоъ дар Кӯҳистони Қаробоғ танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ имконпазир аст”, - гуфта шудааст дар изҳорот, ки шоми 28 сентябр нашр шуд.

Таъкид шудааст, ки Тоҷикистон аҳаммияти истисноии ҳалли мусолиматомези ихтилофоти мавҷударо дар чаҳорчӯби меъёрҳои пазируфтаи байналмилалӣ таъкид менамояд.

Дар ҳамин ҳол, даргириҳои миёни неруҳои Арманистону Озарбойҷон дар қаламрави минтақаи баҳсии Қаробоғи Кӯҳӣ субҳи 27 сентябр оғоз шуда, рӯзи 29-уми сентябр ҳам идома дошт ва бо вуҷуди даъватҳои байналмилалӣ барои хатми ҷанг, ҳарду ҷониб ҳамдигарро дар доман задани низоъ гунаҳгор карданд.

Бино ба хабарҳо, дар ҷараёни даргириҳои ахири миёни ду ҷумҳурии Қафқози Ҷанубӣ даҳҳо нафар ҷон додааст. Вазорати мудофиаи Озарбойҷон гуфт, низомиёни арманӣ минтақаи Дашкесянро ҳадаф қарор доданд. Ин иттиҳомро Ереван ҳамчун “дурӯғи маҳз” рад кард.

Дар изҳороти вазорати мудофииа Озарбойҷон гуфта шудааст, “шаби 28 ба 29-уми сентябр дар тамоми хати ҷанг даргириҳои тунд идома дошт”.

Вазорати мудофиаи Арманистон гуфт, “низоъ бо шиддати гуногун идома дошт”.

Қаробоғи Кӯҳӣ, ки аксар сокинонаш арманитабор мебошанду аз ҷониби Арманистон пуштибонӣ мебинанд, дар дохили қаламрави Озарбойҷон ҷойгир аст. Соли 1990 ин минтақа истиқлолияти худро эълон кард, вале ҳеҷ кишваре онро ба расмият нашинохт.


Комментарии для сайта Cackle